Мулоқот бо хонум Наҳрин Фарҷана

[:tj] 

4 феврал сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода коршиносони байналмилалии Бонки Осиёи Рушд (БОР) оид ба масъалаҳои муҳоҷират хонум Наҳрин Фарҷанаро баҳузур пазируфт.

Дар ибтидо Тоҳир Каримзода ташрифи меҳмононро ба Хадамоти муҳоҷират хайрамақдам гуфта, дар бораи самтҳои асосии фаъолияти имрӯзаи Хадамот ба таври муфассал маълумот дод

Сипас, тарафҳо оид ба ҳалли мушкилот ва масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мубодилаи афкор намуданд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватанбаргашта ва аз фаъолияти Марказҳои машваратӣ омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Коршиноси байналмилалии БОР Наҳрин Фарҷана дар суҳбат бо сардори Хадамоти муҳоҷират маълумоти муфассал дар бораи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш», ки аз ҷониби Бонки  Осиёи Рушд сохтмони иншооти Маркази рушди малакаҳо дар назар буда, барои тайёр намудан ва такмили малакаҳои касбии мутахассисони рақобатпазир вобаста ба талаботи воқеии бозори меҳнат ва тақвияи малакаҳои касбию фарҳангии муҳоҷирони меҳнатӣ ба нақша гирифта шудааст, ахборот пешниҳод намуд.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро минбаъд баҳри тақвияти ҳамкориҳо ва амалигардонии ин Лоиҳа баён доштанд.

Сипас, хонум Наҳрин Фарҷана аз МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дидан намуда, бо чанд нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳамсуҳбат гардид.

                                                                     Анвар ЮСУПОВ

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо