[:tj]
Аз ҷумлаи субъектҳои хоҷагидори дар ҳудуди вилояти Суғд амалкунандае, ки бо Иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти бо ҷойи кор дар хориҷа таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд, дар соли сипаришудаи 2019 аз ҳама фаъолтаринашон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мирзо ва К” мебошад. Боиси қайд аст, ки ширкати мазкур таҳти сарварии Р. Мирзобоев соли равон ҳам пешсафиро аз даст намедиҳад ва дар давоми моҳҳои январ – феврал танҳо он дар самти дар хориҷа бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони кишварамон дар ҳудуди вилояти Суғд корбарӣ намуд.
Иқдоми навбатии ҶДММ “Мирзо ва К” дар Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Баъди мувофиқа намудани рӯйхати сафарбаршавандагон бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд субъекти хоҷагидори мазкур 30 нафар шаҳрвандонро барои бо ҷойи кор таъмин намудан ба ноҳияи Дмитровои вилояти Москваи Федератсияи Россия сафарбар намуд. Ҳамаи сафарбаршудагон сокинони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд буданд, ки дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи фаровон доранд.
Қабл аз сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа гурӯҳи корӣ иборат аз кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар байни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, оид ба муҳоҷирати бехатар маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим намуд.
Тавре ки роҳбари гурӯҳ ва сардори бригадаи сафарбаршавандагон аз ноҳияи Спитамен Ғоиббердӣ Раҷабов иттилоъ дод, ин муҳоҷирони меҳнатӣ бо ширкат шартномаи меҳнатӣ бастаанд ва муҳлати амали он 11 моҳ мебошад. Дар асоси шартнома ширкат муҳоҷирони меҳнатиро дар ноҳияи Дмитровои вилояти Москва бо ҷойи кори мавсимӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, манзили зист, либоси корӣ, хӯроки гарм ва маоши арзанда таъмин намуда, ҳамзамон маблағи роҳкиро, расмикунонии ҳуҷҷатҳо, гирифтани иҷозат ба кору патент ва дигар хароҷотҳояшонро пурра пардохт менамояд.
Ба ҳайати гурӯҳи сафарбаршавандагон 18 нафар мардҳо ва 12 нафар занҳо шомил буданд. Дар рафти мусоҳибаи кӯтоҳ аз ҷумлаи онҳо Рӯзиқул Абдувоҳидов, Ҳасан Бегматов, Абдуҳамид Худойдодов, Матлуба Абдуҷалилова ва Махсуда Кимсанова баён доштанд, ки бо ҶДММ “Мирзо ва К” чандин сол боз ҳамкорӣ менамоянд. Онҳо аз роҳбарияти ширкат миннатдоранд, ки тамоми уҳдадориҳои дар шартнома нишондодашудаи худро ба ҷо меорад ва онҳо аз хизматрасонии субъекти хоҷагидори мазкур қаноатманд мебошанд.
Бино ба иттилои директори ҶДММ “Мирзо ва К” Р. Мирзобоев бо гармтар шудани ҳаво фаъолияти ширкат дар ҳудуди дигар шаҳру ноҳияҳои аграрии вилоят боз ҳам тақвият меёбад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Суғд[:]