Интихобот озоду шаффоф баргузор гардид

[:tj] 

Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ, чуноне ки мушоҳидони байналмилалӣ таъкид намуданд, озоду шаффоф ҷараён гирифт ва ба мақомоти олии қонунбарор бештар насли ҷавони элитаи сиёсӣ ва иқтисодиву зеҳнии Тоҷикистон, яъне мутахассисони баландпоя, шахсони донишманду соҳибмаърифат ва арзанда интихоб гаштанд.

Тоҷикистон барои гузаронидани ин чорабиниҳо аз таҷрибаи ғании давлатҳои демократӣ ба таври васеъ истифода намуд. Аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи номзадҳо ба вакилӣ дар парламент шароити ҳамсон ташкил гардида, онҳо озодона дар макони дилхоҳ бо интихобкунандагони худ мулоқот гузарониданд.

Албатта барномаҳои пешазинтихоботии аксарият номзадҳо ба вакилӣ дар парламенти Тоҷикистон орзуву ормонҳои шаҳрвандонро ба эътибор гирифта буданд. Ҳар як шаҳрванди тоҷикистонӣ пеш аз ҳама хоҳони таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодиёти миллӣ, соҳаи маориф ва тандурустӣ, тараққиёти соҳаи иҷтимоӣ дар кишвар аст. Аз ин рӯ, дар интихоботи баргузоршуда, маҳз ҳизбҳое аксарияти раъйи мардумро гирифтанд, ки омилҳои дар болозикргардида дар таркиби барномаҳои пешазинтихоботии онҳо мавҷуд буданд.

Таҷрибаи раванди сиёсӣ дар Тоҷикистон нишон дод, ки вакилон аз байни номзадҳои арзандае, ки ватандӯсту соҳибтаҷриба ҳастанд, интихоб шуданд. Ин омил шаҳрвандони ба вакилӣ интихобшударо водор месозад, ки дар тамоми давраи ваколаташон дар парламент ба мандати вакилии худ сазовор бошанд, манфиати ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва давлатро ифода ва ҳифз намоянд, барои некӯаҳволӣ ва беҳбудии шаҳрвандони Тоҷикистон софдилона ва беғараз хизмат намоянд.

Бо интихоби вакилони арзандаи худ интихобкунандагон масъулияти олии шаҳрвандии худро бараъло нишон доданд. Мардуми фарҳангсолор ва тамаддунсози тоҷик бо додани раъйи худ сулҳу суботи комилро дар ҷомеаи мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин интихоб намудааст. Дар даврони муттазоди ҷаҳонишавӣ ва бархурдҳои геополитикӣ интихоботи навбатӣ ба парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унсури калидӣ дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар ҷомеаи мо аст. Истиқлоли давлатӣ барои тоҷикон имкони воқеии амалӣ намудани идеалҳои давлатдорӣ ва мардумсолориро фароҳам овард.

Дар натиҷаи сиёсати оқилонаи роҳбарияти Тоҷикистон дар самти ташаккули сармояи инсонӣ, имрӯз насли наврасу ҷавон ба воя расиданд, ки дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия шудаанд. Таҷрибаи демократияи ҷаҳонӣ собит сохт, ки риояи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда кафили пешрафту тараққиёт мебошанд. Нишонаи барҷастаи давлати ҳуқуқбунёд пеш аз ҳама эътироф шудани принсипи волоияти қонун аст. Иштирок дар раванди интихобот яке аз ҳуқуқҳои бунёдии шаҳрвандон мебошад ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин ҳуқуқи конститутсионии худ дар интихоботи навбатӣ бо ифтихор истифода намуданд.

                                                                                       Давлат Азизов

                                                                 Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар

                                                                                                шаҳри Душанбе

          [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо