Ситоди ноҳияи Варзоб хабар медиҳад!

[:tj] 

 

         Тибқи ҳисоботи Ситоди пешгирии бемории сироятии “коронавирус” – и ноҳияи Варзоб, 594 нафар шаҳрвандони ватанию хориҷӣ, аз ҷумла дар  ҶСК Хоҷа-Оби-Гарм – 371 нафар, беморхонаи марказии ноҳия – 85 нафар, минтақаи истироҳатии барқчиён – 50 нафар ва МД “Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати Харангон”- 88 нафар бистарӣ гардидаанд. Ин шаҳрвандон муддати 14 шабонарӯз ба карантин фаро гирифта шуда, баъди натиҷаи ташхиси мусбат ба макони зисташон рухсат дода мешавад. Гуфта мешавад, ки аз байни онҳо бемории сироятии “коронавирус” ба қайд гирифта нашудааст.

Тавре сардори бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Орифҷон  Олимзода иттиллоъ дод, айни замон бо мақсади дар байни аҳолӣ пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии шаҳрвандон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ситод амал мекунад. Ҳадаф аз ташкил намудани Ситод миёни аҳолӣ, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад.

Дар суҳбат Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода иброз намуд, ки ҳамарӯза сохторҳои зертобеи Хадамот вобаста ба ҷараёни корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттиллотонӣ ҷиҳати пешгирии “коронавирус”, аз ҷумла риоя намудани қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, доимо тоза ва озода нигоҳ доштани утоқи корӣ, ҳуҷраи ҷои зист ва ғайра ҳисобот медиҳанд.

Пас аз шунидани ҳисоботи сардорони бахш ва шуъбаву раёсатҳо боз ҳам пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои қатъӣ бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти “коронавирус” ба ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад.

Бояд қайд кард, ки ниқобҳои тиббӣ ҷой ва техникаи пӯшидан доранд. Пӯшдани он танҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ: дохили биноҳои серодам ва  нақлиёти ҷамъиятӣ тавсия дода мешавад. Инчунин, гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас (зуком) метавонанд аз ниқобҳо истифода баранд, зеро онҳо тавассути сулфа, атса ва гапзанӣ вирус ва дигар барангезандаҳоро ба муҳити атроф паҳн менамоянд.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ зикр намудааст, ки ниқобҳои тиббӣ  аз “коронавирус” ҳифз карда наметавонанд, вале онҳо хатари сироятро кам  менамоянд. Пӯшидани ниқобҳои тиббӣ метавонад сабаби маҳдуд шудани бемориҳои роҳи нафас гардад. Вале, танҳо истифодаи ниқоб кафолати ҳифз намудан аз сироятро надорад, бояд ҳамчунин чораҳои дигари пешгирикунанда аз вируси КОВИД-19 риоя карда шаванд.

 

                                                                                               Анвар ЮСУПОВ

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо