[:tj]
Номи раиси Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Русия “Ҳамватан”, аъзои Шўрои ҷамъиятии назди Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва аъзои Шўро оид ба кор бо миллатҳои назди губернатори вилояти Иркутск Маликшоев Муриват Раҳматович ба хонандагони азизи нашрияи “Шуғл ва муҳоҷират” кайҳо боз шинос аст. Дар саҳифаҳои он танҳо соли сипаришуда оид ба фаъолияти ҷамъияти мазкур, сарвар ва аъзои он, ҳамчунин иқдому ташаббусҳои ватандўстона ва амалҳои хайру савоби ҳамватанони бурунмарзиамон дар вилояти Иркутск ду маводи калонҳаҷм ба чоп расида буд. Қобили зикр аст, ки Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии “Ҳамватан” дар радифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамкорӣ ва робитаи қавӣ дорад.
Зимни сафари хизматии Муриватшо Маликшоев ба вилояти Суғд (моҳи июли соли 2019) дар рафти мулоқотҳо бо роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мавзўи тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самти дастгирии ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷалби онҳо ҳамчун шарикони рушди кишвар ба бунёдкорию созандагӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин дастгирии донишҷўёни тоҷики дар вилояти Иркутск таҳсилкунанда ба таври васеъ баррасӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо пешниҳоду ташаббуси Муриватшо Раҳматович, дастгирии соҳибкорон ва дигар ҳамватанони ташкилотчию ташаббускор баъди таҳияву тасдиқи Оиннома ва иҷрои дигар корҳои ташкилӣ Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутск “Ҳамватан” расман 20 феврали соли 2000 ба фаъолият сар кардааст. Дар ибтидо номи он “Сомониён” буд. Баъдтар ин ном бо номи “Пайванд” иваз гардид. Бо пешниҳоди Вазорати адлияи вилояти Иркутск соли 2010 ҷамъият номи “Ҳамватан”-ро гирифт ва бо ҳамин ном ҳоло фаъолият менамояд. Моҳи феврали соли равон ба таъсисёбиаш 20 сол пур шуд.
Тавре ҳамагон огоҳ ҳастем, бар асари паҳншавии бемории “коронавирус” дар тамоми вилояту кишвар ва ҷумҳуриҳои қаламрави Федератсияи Русия карантин эълон гардида, фаъолияти аксар корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои таълимию хизматрасонӣ, терминалҳои нақлиётӣ ва ғайра муваққатан маҳдуд ё қатъ шудааст. Шаҳрвандонро лозим аст, ки барои сироят наёфтан хонашин шуда, аз манзилҳои истиқоматиашон бесабаб ба берун набароянд. Доираи рафту омад ва гаштугузорашон ҳам хеле маҳдуд шудааст. Имрўз дар радифи сокинони бумӣ ҳамватанони дар ин кишвар будубошдоштаи мо ҳам дар карантин қарор доранд ва хонашин ҳастанд. Лекин иқдоми навбатии ватандўстона ва хайрхоҳонаи Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии “Ҳамватан” ва дар умум тоҷикони муқими вилояти Иркутск нишон дод, ки ҳатто карантин садди роҳи амали хайру савоб шуда наметавонад.
Дар оғози ҳафтаи равон Муриватшо Маликшоев бо сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ барои бохабар шудан аз ҳолу аҳволи ҳамдигар дар тамос шуда, навори видеоӣ ва як даста аксро тариқи шабакаи иҷтимоӣ ирсол намуд. Ин навор ва аксҳо аз рафти амалҳои хайриявии ҳамватанони муқими вилояти Иркутск буданд. Зимни мусоҳибаи телефонӣ номбурда аз ҷумла чунин гуфт:
-Донишҷўёни аз Ватан берун таҳсилкунанда дар ҳолати ҷорӣ гардидани карантин ва хонашинии бардавом аз ҷиҳати молиявию моддӣ ба қишри осебпазир табдил меёбанд. Хушбахтона, ба шарофати сиёсати хирадмандона, дастгирию ғамхории доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон дар вилояти Иркутск як гурўҳи калони ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таҳсил карда истоданд. Зимни сафарҳои давлатиашон ба Федератсияи Русия ва умуман давлатҳои хориҷӣ Ҷаноби Олӣ дар радифи дигар ҳамватанони бурунмарзӣ ҳатман бо донишҷўёни тоҷик мулоқот анҷом медиҳанд, ки намунаи олии ибрату тарбия барои ҳар як аъзои ҷомеа аст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ки 7 феврали соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар робита бо масъалаи мазкур чунин вазифагузорӣ карда буданд: “Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамватанони мо ҳастанд. Бинобар ин, робитаро бо онҳо бояд мустаҳкам кунем ва ба назди онҳо гурўҳҳои таблиғотиро сафарбар намоем. Ин амал барои тақвияти худшиносиву таҳкими ваҳдати миллӣ хеле муҳим аст.
Корро тавре ташкил бояд кард, ки муҳоҷирон пайванди худро бо Ватан ва халқи худ ҳамеша эҳсос намоянд ва дарк кунанд, ки онҳо дар мадди таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд.
Ҳамчунин бо донишҷўёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда робита барқарор намуда, нерўи зеҳнии онҳоро барои ободии Ватан истифода бояд кард”.
Рост аст, ки бо амри тақдиру хости зиндагӣ мо ҳоло берун аз Тоҷикистони маҳбуб, дар давлати дигар кору зиндагӣ мекунем. Аммо ҳаргиз худро аз ҷомеаву Ватани аҷдодӣ ҷудо намедонем, чун зодаи Тоҷикистон ва фарзанди халқи тоҷик ҳар дастуру супориш ва ҳидояти Президенти муҳтарами давлати худро ба ҳайси вазифаи инсонӣ ва қарзи имонии худ қабул менамоем. Аз ҷумла, ҳамин вазифагузориашон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ҳам моро бетараф нагузошт.
Ба ҳолати имрўз зиёда аз 1000 нафар ҳамватанонамон аъзои доимии ҷамъият ҳастанд, ки дар ҳудуди вилояти Иркутск кору зиндагӣ мекунанд. Дар байни онҳо соҳибкорони муваффақ, саховатманду олиҳиммат, ватанпарасту савобҷўй кам нестанд, ки дар ҳама ҳолат дасти кўмакашон ба сўи дигар ҳамватанон, аз ҷумла донишҷўён ва муҳоҷирони меҳнатии мавсимӣ дароз аст.
Ду амали хайриявие, ки давоми ҳафта ба роҳ мондем, маҳз бо дастгирии молиявию маънавии чунин инсонҳои ба истилоҳи мардум “худоназаркарда” рўи кор омад. Дар рафти чорабинии якуми хайриявӣ 100 нафар ҷавони донишҷўи тоҷик бо маводи гуногуни озуқаворӣ таъмин гардиданд. Дар шароити карантин хайру эҳсони соҳибкорон Даврон Сатторов ва Расул Зоҳидов барои онҳо аз лиҳози моддӣ кўмаки калон гардид. Албатта, мо миннатдории Раёсати ҷамъиятамонро ба онҳо расонидем ва то ҳол дар ҳаққашон сано мехонем. Аммо, подошу арҷдиҳандаи асосӣ Худованд аст, ки дар назди ў савоби чунин амалҳои хайр аз савоби садҳо маротиба ҳаҷ гузоридан боло меистад.
Тибқи маълумотҳои мавҷуда айни замон дар ҳудуди вилояти Иркутск намояндагони бештар аз 120 миллату халқият зиндагию кор мекунанд. Аз дастгирии ҳамватанони мо на танҳо ҳаммилатони худамон, балки сокинони ниёзманди таҳҷоӣ ва намояндагони дигар халқу миллатҳо ҳам борҳо баҳраманд шудаанд. Ташкили чорабиниҳои муштараки фарҳангию хайриявӣ моро боз ҳам наздиктар мекунад, тақвиятбахши дўстию рафоқат мешавад. Аксияе, ки соли гузашта ҳамватанонамон ба хотири кўмакрасонӣ ва дастгирии оилаҳои аз обхезӣ зарардидаи минтақаи Тулун ташкил карданд, то ҳол вирди забонҳост.
Чорабинии хайриявии дуюм дар шаҳри Ангарск роҳандозӣ шуд. Ин дафъа бо таъбири мардуми мо сари 500 нафари ниёзманд аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, камбизоатон, шахсони яккаву танҳо, беморону маъюбон, оилаҳои серфарзанд ва ғайра, ки намояндаи чандин халқу миллат буданд, аз дастгирии ҳамватанони бурунмарзиамон ба гардун расид. Ба ин нафарон низ кўмаки моддӣ дар шакли маводу маҳсулоти озуқаворӣ дастрас гардид. Аз қаноатмандӣ, шодию нишот, нигоҳҳои пур аз меҳру самимияташон аён буд, ки барои арзи миннатдорӣ кардан сухан намеёбанд.
Мардуми табиатан хайрхоҳи инсонпарвари мо мақоли ҷолибе дорад: “Некӣ куну ба об парто!” Ба ин мазмун ҳатто байте ҳам ҳаст:
Ту некӣ мекуну дар Даҷла андоз,
Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз.
Онҳое, ки дар ташкил намудан ва ба роҳ мондани ҳар ду чорабинии хайриявӣ саҳмгузорӣ карданд, ба ғайр аз хайру эҳсони холисона дигар мақсаду маром надоранд. Ҳатто намехоҳанд номашон расонаӣ шавад. Аммо тавре шоир мегўяд:
Аз кори накў ному нишон мемонад,
Нақшаш ба дилу вирди забон мемонад.
Чун ёди шаҳидони раҳи озодӣ
Ҳаққо, ки ба даҳр ҷовидон мемонад.
Рўзу шабҳо паси ҳам гузар доранд. Мо лаҳза ба лаҳза аз гузашта дур мешавем. Бисёр воқеаву ҳодисаҳо бо гузашти вақт аз лавҳи хотир зудуда мешаванд. Аммо чунин иқдомҳои ватандўстонаи тоҷикони муқими вилояти Иркутск ва нафарони дигари ба онҳо монанд то дергоҳ фаромўш нахоҳанд шуд.
Мардон ҚУРБОНОВ
[:]