Дар пайравӣ ба иқдомҳои Пешвои муаззами миллат

[:tj] 

 

Аҳли ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз оғози бақайдгирии бемории КОВИД – 19 ҳамарўза шоҳиди дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба беморону муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, табақаҳои ниёзманд ва дар умум кулли сокинони кишвар шуда истодаанд. Боиси қайд аст, ки чунин иқдомҳои шоиставу раиятпарваронаи Сарвари давлат ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи ватанамон аз ҷониби дигар аъзои ҷомеа ҳам пайравони худро пайдо намуда истодаанд.

Чунончи бо ташаббуси сокинони шаҳри Исфара Матлубиддин Қозиев ва Абдуризо Абдулаҳатов дар Федератсияи Русия гурўҳи махсуси эҳсонкорон таъсис ёфта, амалҳои шоистаро ба роҳ монда истодааст. Аз ҷумла, бо ибтикори онҳо 100 адад либоси махсуси ҳимоявии 001 ба маблағи умумии 45 ҳазор сомонӣ ба беморхонаи марказӣ (60 адад) ва беморхонаи минтақавии Ворух (40 адад) тақдим гардид.

Аз оғози моҳи шарифи Рамазон то имрўз дар миқёси шаҳри Исфара бародарон Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Ўлмасовҳо ва Абдуҷалил Савриддинов ба зиёда аз 5 ҳазор нафар ниёзмандон ва муҳтоҷон дар шакли маҳсулоти ғизоӣ кўмаки яквақтаи моддӣ расониданд. Ҳамин гуна дастгирии моддию молиявиро дигар шахсони олиҳиммат, аз ҷумла Сорбон Савриддинов, Муҳаммадсафо Раҳимов, Абдуқаюм Фозилов, Фахриддин Қурбонов, Ҳафизхон Каримов ва дигарон низ анҷом дода истодаанд.

Хатари ба сари аҳли ҷомеа омада ҳамватанони бурунмарзӣ аз шаҳри Истаравшанро низ бетараф нагузошт. Бо маблағи аз Федератсияи Россия ирсолнамудаи ин афроди хайрхоҳу ватанпарвар барои кормандони соҳаи тандурустӣ 500 адад корҷомаи махсус ва 500 ниқоби тиббӣ харидорӣ шуд. Дар ин замина барои дастгирии молиявии онҳо 180 халта орд ва 180 адад қуттии шартии 5-литра равған харидорӣ ва ба кормандони соҳаи тандурустӣ дастрас гардид.

Ҳамчунин, бо ташаббуси сокинони дар вилояти Красноярск кору зиндагӣ доштаи истаравшанӣ ба маблағи 1,5 миллион рубли русӣ дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ харидорӣва ба беморхонаи марказии шаҳр тақдим шуд.

Дар ин радиф ҳамватани бурунмарзӣ Абдузамир Абдуғаффоров дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳи давлатии шаҳри Истаравшан ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва беморон дар ҳаҷми 300 халта орд ва 1,5 ҳазор литр (300 қуттии шартӣ) равған кўмаки яквақтаи молиявӣ расонид.      Ин соҳибкори муваффақ, ки дар Федератсияи Русия кору фаъолият дорад, бо ин қаноатманд нашуда, дастгирии 25 нафар ятимони куллро ҳам бо орду равған ва кўмакпулии яквақта дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар нафарашон ба роҳ монд.

Чунин иқдомҳои хайру башардўстона ва ватанпарварона дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ ҷараён доранд. Бо гузашти муҳлати муайян балоҳо аз сари мардум дур мешаванд, ба кўи фаромўшӣ мераванд, вале амалҳои неку шоистаи раиятпарваронаи фарзандони асили миллат ҷовидонӣ дар лавҳи дилҳо хоҳанд монд.

Мардон ҚУРБОНОВ

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо