ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ташаббуси ҳамватанони бурунмарзӣ

[:tj] 

Дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат дар вилояти Суғд бо ташаббуси сокинони шаҳри Исфара Матлубиддин Қозиев ва Абдуризо Абдулаҳатов дар Федератсияи Россия гурӯҳи махсуси эҳсонкорон таъсис ёфта, амалҳои шоистаро ба роҳ монда истодааст. Аз ҷумла, бо ибтикори онҳо 100 адад либоси махсуси ҳимоявӣ ба маблағи умумии 45 ҳазор сомонӣ ба беморхонаи марказӣ (60 адад) ва беморхонаи минтақавии Ворух (40 адад) тақдим гардид.

Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон аз оғози бақайдгирии бемории COVID – 19 ҳамарӯза шоҳиди дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба беморону муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, табақаҳои ниёзманд ва дар умум кулли сокинони мамлакат шуда истодаанд.

Боиси зикр аст, ки чунин иқдомҳои шоиставу раиятпарваронаи Сарвари давлат ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Тоҷикистон аз ҷониби дигар аъзои ҷомеа пайравони худро пайдо намуда истодаанд.

Аз оғози моҳи Рамазон то имрӯз дар миқёси шаҳри Исфара бародарон Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Улмасовҳо ва Абдуҷалил Савриддинов ба зиёда аз 5 ҳазор нафар ниёзмандон ва муҳтоҷон дар шакли маҳсулоти ғизоӣ кӯмаки яквақтаи моддӣ расониданд.  Ҳамин гуна дастгирии моддию молиявиро дигар шахсони олиҳиммат, аз ҷумла Сорбон Савриддинов, Муҳаммадсафо Раҳимов, Абдуқаюм Фозилов, Фахриддин Қурбонов, Ҳафизхон Каримов ва дигарон низ анҷом дода истодаанд.

Дар амалӣ кардани икдомҳои хайрхоҳона ҳамватанони бурунмарзӣ аз шаҳри Истаравшан низ фаъоланд. Бо маблағи аз Федератсияи Россия ирсолнамудаи истаравшаниҳо, барои кормандони соҳаи тандурустӣ 500 адад корҷомаи махсус ва 500 ниқоби тиббӣ харидорӣ шуд. Дар ин замина барои дастгирии молиявии онҳо 180 халта орд ва 180 адад қуттии равған харидорӣ ва ба кормандони соҳаи тандурустӣ расонида шуд.

Ҳамчунин, бо ташаббуси сокинони дар вилояти Красноярск кору зиндагӣ доштаи истаравшанӣ ба маблағи 1,5 миллион рубли русӣ дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ ва ба беморхонаи марказии шаҳр тақдим шуд.

Дар ин радиф ҳамватани бурунмарзӣ Абдузамир Абдуғаффоров дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва беморон дар ҳаҷми 300 халта орд ва 1,5 ҳазор литр (300 қуттии шартӣ) равған кўмаки яквақтаи молиявӣ расонид. Ин соҳибкори муваффақ, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият дорад, бо ин қаноатманд нашуда дастгирии 25 нафар ятимони куллро ҳам бо орду равған ва кўмакпулии яквақта дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар нафар ба роҳ монд.

Чунин иқдомҳои хайру башардӯстона ва ватанпарварона дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ ҷараён доранд.

                                                                                          АМИТ «Ховар»[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо