[:tj]
Таълифи китоби тозанашри «Муҳоҷиратшиносӣ» ҳосили ҳамкории судманди директори Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” – и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Моёншо Маҳмадбекзода, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайвалӣ Мирзоев ва Парвиз Ҳакимов мебошад.
Китоби «Муҳоҷиратшиносӣ» ба паҳлуҳои мусбату манфии раванди муҳоҷирати аҳолӣ, сабабҳои муҳоҷират, шаклҳои муҳоҷирати аҳолӣ, равишҳои баҳисобгирии муҳоҷирати аҳолӣ, хусусан таърихи муҳоҷирати тоҷикон ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират, асосҳои қонунии раванди муҳоҷират ва дигар мавзуъҳои пурчолиши марбут ба муҳоҷират бахшида шудааст.
Ин китоб на танҳо барои мутахассисони соҳаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ, балки ҳамчунин барои кормандони давлатӣ, дипломатҳо ва масъулине, ки дар бахши муҳоҷират ва бозори меҳнат бевосита сару кор доранд, муфид мебошад. Ҳамчуни барои истифодаи оммаи васеи хонандагон низ тавсия дода мешавад, зеро ин китоб метавонад дар рушди дониши донишҷӯён, шаҳрвандоне, ки ба хориҷ барои кору фаъолият мераванд, ҳисагузор бошад.
Дар китоб ба заминаҳои иҷтимою сиёсии танзими байналмилалии ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ пардохта шуда, маълумоти комиле пешниҳод шудааст. Ҳамзамон муаллифон масъалаҳои пурбаҳси назарӣ ва амалии муҳоҷирати аҳолӣ дар кишварро баррасӣ гирифтаанд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
[:]