[:tj]
20 июн 553 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин имрӯз беш аз 100 нафар шаҳрвандони кишвар, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доштанд, ба Тоҷикистон оварда шуданд.
«Дар ин росто ба мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мусоидати фаврӣ ҷиҳати убури бемамонияти сарҳад ва ташкили долони транзитии мустақим барои ҳаракати шаҳрвандони кишвар ва ба Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират барои мусоидат дар пешниҳоди воситаҳои нақлиёт барои интиқоли ҳамватанон изҳори сипос мегардад»,- таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
[:]