[:tj]
Бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандон, бурдани корҳои иттилоотӣ, кор бо муҳоҷирони меҳнатии аз Федератсияи Россия берункардашуда ва воридшавиашон ба қаламрави ин давлат муваққатан манъгардида, касбу забономӯзонӣ, шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати дохилию экологӣ, танзими риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва қоидаҳои будубош аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, гузаронидани санҷишҳои назоратӣ дар корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи кории хориҷӣ фаъолиятбаранда, муташаккилона сафарбар намудан ва бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа ва ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар самтҳои асосии фаъолияти сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошанд.
Бар асари паҳншавии бемории “Коронавирус” эълон гардидани карантин дар кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ ва интиқолдиҳандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, муваққатан манъ шудани рафтуомади шаҳрвандон миёни давлатҳо ва дигар мушкилоти ба хурӯҷу паҳншавии ин беморӣ марбут оғоз аз нимаи дуюми моҳи март раванди фаъолият дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи муҳоҷират халалдор шуда бошад ҳам, Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо дар доираи шароиту имкониятҳои мавҷуда фаъолияташонро идома доданд ва корҳои муайянро ба иҷро расониданд.
Дар арафаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нимсола маҳз бо мақсади аз наздик шинос шудан бо рафти кори субъектҳои зертобеъ дар ҳама самтҳо, расонидани кумаки методию амалӣ ҷиҳати ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта, боз ҳам тақвият бахшидани ташвиқоту тарғибот миёни аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, таҳлили рафти омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якум гурӯҳи кории Раёсат ба санҷиши сартосарии сохторҳои зертобеъ оғоз намуд. Ҳамин гуна санҷиши назоратӣ ҳафтаи сипаришуда дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон ва Айнию Кӯҳистони Мастчоҳ гузаронида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки ба гурӯҳи корӣ бевосита худи сардори раёсат Зайнура Шарифӣ роҳбарӣ намуд ва ба ҳайати он мутахассисони беҳтарину ботаҷриба ва собиқадор шомил буданд. Аъзои гурӯҳ зимни санҷиш ба ҳолати заминаи моддию техникии сохторҳои зертобеъ, масъалаҳои ҳамкории онҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, ороиши берунию дохилии утоқҳои корӣ, матни шиору овезаҳо, тарзи коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ, тартиби нигоҳдорӣ ва ба бойгонӣ супоридани ҳуҷҷатҳо, ташкили чорабиниҳои муштараки иттилоотию маърифатӣ дар маҳалҳо, дастгирии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар давраи паҳншавии бемории “Коронавирус” бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Масъалаи муҳими дигари мавриди санҷиш қароргирифта танзими муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ буд. Санҷиш нишон дод, ки бо вуҷуди қабул гардидани қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси онҳо ба тасвиб расидани қарорҳои раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар самти мазкур камбудиҳои ҳалталаб ҳанӯз зиёданд. Мавҷуд набудани фонди замин, дар маҳалҳо дер қабул гардидани қарорҳои дахлдор, бо кашолкорӣ ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои муҳоҷирон дар водиҳои дорои заминҳои бекорхобида ва минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ бехавф, тӯл кашидани сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, бинобар мавҷуд набудани инфрасохтори зарурӣ ба макони нав кӯчиданро ба таъхир андохтани муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ аз ҷумлаи ҳамин муаммою мушкилот мебошанд.
Сардори раёсат сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷиронро ба ҳамкории бештар бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва оилаҳои муҳоҷиршаванда даъват намуда, ҷиҳати давра ба давра аз байн бурдани норасоиҳо дастуру супориш дод.
Дар доираи санҷишҳои назоратӣ дар шаҳру ноҳияҳо Зайнура Шарифӣ бо муовини сарпарасти раиси шаҳри Исфара ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом суҳбат намуда, масоили кориро баррасӣ кард.
Тибқи ҷадвали раёсат сохторҳои зертобеъ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо санҷиши назоратӣ фаро гирифта мешаванд ва натиҷаҳои он дар маҷлиси ҷамъбастии нимсола ба таври васеъ таҳлилу баррасӣ мешавад.
Мардон ҚУРБОНОВ
[:]