Кор дар ҷамоатҳо

[:tj] 

 

Бо мақсади таъмини пешгирии хатари бемории “Коронавирус” гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, ки онро кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар, Маркази тарзи ҳаёти солим ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб ташкил медиҳад, тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиянамуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустиӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар байни сокинони деҳаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба роҳ монда истодаанд.

Чанде пеш дар ҷамоатҳои деҳотӣ Чорбоғ ва Такоб бо усули “хона ба хона” вохӯрӣ баргузор гардида, таъкид шуд, ки сокинон қоидаҳои беҳдоштро дар хонадонашон риоя ва аз иштирок дар ҷойҳои серодам бе ниқобҳои тиббӣ худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин дар давоми суҳбат масъулон вобаста ба истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, қитъаҳои президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонию феремерӣ андешаронӣ карда, сокинонро даъват намуданд, ки бо истифодаи самараноки замин маҳсулоти хӯрокавориро дар оилаашон таъмин намоянд. Дар навбати худ, сокинон ризоияти худро аз чорабинии доир гардида изҳор дошта, ба созмондиҳандагон миннатдорӣ карданд.

Тавре мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб Орифҷон Олимзода иттилоъ дод, 964 нафар шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ воридшудаанд дар муассисаи давлатии осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон», истироҳатгоҳи бачагонаи «Барқчиён» бистарӣ гардида, онҳоро муддати кӯтоҳ нигоҳ дошта, баъди натиҷаи ташхиси табибон ба макони зисташон рухсат дода шуда, аз ин шумора 169 нафар аз он ҷумла 48 нафар зан, 26 нафар ноболиғ зери назорат қарор доранд.

Бояд иброз намуд, оид ба пешгирии бемории сирояти нави “Коронавирус” (COVID-19) дар муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Варзоб аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва шахсони саховатпеша аз 27 апрел то 28 июли соли равон 225 кг хлор, 4500 сӯзандору, 625 адад либосҳои махсуси тиббӣ, 700 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 7700 ниқоби яккарата, 250 дона респиратор, 36 дона айнакҳои муҳофизатӣ, 15 дона ҳароратсанҷи фосилавӣ, ба миқдори 287, 5 лт маводи безараргардонӣ гирифта ба истифода дода шуд.

Вобаста ба усули «хона ба хона» аз ҷониби кормандони муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ва муассисаи давлатии беморхонаи марказии ноҳия бо мақсади дарёфт намудани беморон бо табъи баланд ва гумонбарони «Коронавирус» 50 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, аз 27 апрел то 28 июли соли равон дар 76972 хоҷагӣ бо фарогирии 546225 нафар шаҳрвандон зиёда аз  5 давр аз назорат гузаронида шуд.

Айни ҳол дар ноҳия 15 бемор бо ташхиси илтиҳоби шадиди бронхоҳо ва шушҳо табобати амбулаторӣ гирифта истодаанд ва таҳти назорати қатъии табибони оилавӣ қарор доранд.

Баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои Бахш паҳн намудани маводҳои иттилоотӣ вобаста ба бемории сироятии “Коронавирус” ва пешгирӣ аз он дар ҳудуди ноҳияи Варзоб якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раёсати маориф, бахшҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба сокинони ноҳия ёддоштҳо оиди пешгирӣ аз бемории сироятии “Коронавирус” ба миқдори 15930 нусха дастрас гардида ва насб намудани шиору овезаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ идома дорад.

Фаъолият дар ин самт таҳти назорати доимии роҳбарияти мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб қарор дорад.

 

                                                                                            Анвар ЮСУПОВ

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо