Мулоқоти судманд дар маҳаллаи Баҳористон

[:tj] 

 

Ҷиҳати таъмини бандҳои 8 ва 9-и Протоколи маҷлиси назоратии назди сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.06.2020, №1 – 21 шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров давоми моҳи август дар ҷамоати деҳоти Хистеварз ташкил ва гузаронидани силсилаи чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатиро ба роҳ монд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷамоати мазкур зиёда аз 50 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд ва ҳамасола як қисми муайянашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

Мудири шуъба Саид Камолзода ин навбат бо сокинони маҳаллаи Баҳористон мулоқот ороста, вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ ва терроризму экстремизм ибрози назар наммуд ва ба саволҳои иштирокчиён посух дод.

                                                                     

                                                               Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                              дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо