Дар ҳуҷраи корӣ ва берун аз он

[:tj] 

 

 

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич, новобаста аз мушкилоти ҷойдошта, дар самти бурдани ташвиқоту тарғибот байни шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз имкониятҳо босамар истифода бурда, дар ин самт таҷрибаи фаровон дорад.

Чуноне ки мудири бахш Санавбар Баҳодурова дар рафти мусоҳибаи кӯтоҳ баён дошт, ҳоло рафтуомади шаҳрвандон ба хориҷа муваққатан маҳдуд шуда бошад ҳам, онҳо барои санҷидани шиноснома ва муайян намудани вазъи ҳуқуқиашон мунтазам ба бахш ташриф меоранд. Онҳо дар баробари санҷидани шиноснома ва додани маслиҳати ҳуқуқӣ дар байни онҳо вобаста ба муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО ва КОВИД – 19, риояи қоидаҳои санитарӣ гигиенӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм ва дигар падидаҳои номатлуб ҳам ташвиқоту тарғибот мебаранд ва маводҳои маърифатӣ тақсим менамоянд.

Илова бар ин, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзеъҳои барои муҳоҷирони дохилию экологӣ ҷудошуда ва ҷойҳои ҷамъшавии теъдоди зиёди одамон ҳам роҳандозӣ шуда истодааст.

 

                                                                                         Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо