[:tj]
Давоми ҳафтаи равон бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри бостонии Конибодом низ вобаста ба иттиллоотонидани аҳли ҷомеа ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим корҳои муайянро ба иҷро расонид. Аз ҷумла дар ҳамаи кумитаи маҳаллаҳои шаҳр ва 6 ҷамоати деҳот бо ҷалби раисон ва кормандонуфаъолон мулоқот доир гардид.
Бино бар иттилои мудири бахш Боҳирҷон Шарифов ин мулоқотҳо дар доираи маҳдуд, бо иштироки 10 – 15 нафар ҷараён гирифтанд. Мақсад аз маҳдудияти мазкур пешгирӣ аз хатари сироятёбӣ ба бемории «Коронавирус» буд.
Номбурда дар назди иштирокчиёни ҳама чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатии доиргардида суханронӣ намуда, масъалаи пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, муҳоҷирати бехатар, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва таълиму тарбияи фарзандро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамзамон андешаҳояшро вобаста ба пешгирии вайроншавии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ баён дошт.
Иштирокчиён тасмим гирифтанд, ки қарорҳои дар рафти мулоқотҳо қабулшударо дар маҳалҳо ба самъи аҳолӣ мерасонанд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Конибодом
[:]