Дар бораи қоидаҳои нави будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар Россия чиро бояд донист: тадбирҳои зиддипандемиро риоя намоед ва бе патент бо фаъолияти меҳнатӣ машғул нашавед

[:tj] 

 

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират тавре иттилоъ дода буд, мувофиқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 23 сентябри соли 2020 №580 «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 апрели соли 2020 №274 «Оид ба тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ФР дар робита ба таҳдиди паҳншавии минбаъдаи сирояти «Коронавирус» (СOVID-19)» ба ҳама шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба ҳудуди Россия ба таври бо раводид ё худ бидуни раводид ворид шудаанд, муҳлати боздории санадҳои будубоши муваққатӣ (аз ҷумла раводид) иҷозати муваққатӣ ва доимии зист ва қайди муҳоҷиратӣ, инчунин муддати амали шаҳодатномаҳои муваққатии паноҳандагӣ ва шаҳодатномаҳои паноҳандагӣ то 15 декабри соли 2020 тамдид карда мешавад.

Ҳамватанони гиромӣ, фарқияти меъёрҳои фармони мазкур аз ду фармонҳои пешин дар чист ва чӣ гуна метавон ҳангоми будубош ва фаъолияти меҳнатии худро бидуни қоидавайрокунӣ таъмин кард, то ки ба рӯйхати мамнӯъшудагон (запретникҳо) ворид нашавед.Тавре қаблан иттилоъ дода будем, мувофиқи фармони Президенти ФР аз 15 марти то 15 июни соли 2020 бинобар маҳдудиятҳо вобаста ба пандемияи «Короновирус» муҳоҷирони меҳнатӣ аз масъулияти пардохти андози моҳонаи патент, яъне ба муддати 3 моҳ озод шуда буданд. Яъне дар муҳлати се моҳ ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби Ҳукумати Россия сабукӣ пешниҳод карда шуд, то шаҳрвандони хориҷӣ дар шароити бекорӣ ва худканорагирӣ аз масъулияти ҳатмии пардохти моҳонаи патент озод шаванд. Шурӯъ аз 16 июни соли 2020 барои шаҳрвандони хориҷие, ки бо иҷозатномаи кор ва патент фаъолияти меҳнатии худро амалӣ менамоянд, тибқи муқаррарот бо пардохти андозҳо барасмиятдарории санадҳои мазкурро ба роҳ монда шуд. Яъне, агар шумо дар дилхоҳ субъекти маъмурии Федратсияи Россия бошеду бо кор машғул бошед, ҳатман пули моҳонаи андози патентро тибқи меъёри пешбинишуда бояд супоред.

Дар сурате, ки шумо бинобар маҳдудиятҳо вобаста ба «Коронавирус» дар авҷи пандемия ба кор машғул шуда натавонистед ё ки патент гирифта натавонистед, ҳеч боке нест, ин меъёри нав имкон медиҳад, ки дар асоси талаботҳои нав ҳанӯз аз 16 июн ба шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани иҷозатномаи кор ва патент (тамдид намудан ё аз нав барасмиият даровардани ин ҳуҷҷатҳо), сарфи назар аз қайди мақсади вуруд (цель въезда) дар корти муҳоҷиратӣ (одатан дар корти  муҳоҷиратӣ мақсади вуруд «кор» (работа) нишон дода мешуд) метавонанд, ба марказҳои муҳоҷиратии ҳудуди иқомат барои гирифтани патент муроҷиат намоянд ва патент гирифта қонунӣ бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд.

Дар робита ба коҳиши маҳдудиятҳо ва васеъ шудани имкониятҳо барои фаъолияти меҳнатӣ, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират аз ҳамватанон, ки дар Россия будубош доранд ва бо сабабҳои гуногун дар ин муддат санадҳои будубош ва фаъолияти корияшонро барасмият надаровардаанд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз ин фурсат истифода намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб дароранд.

Бояд гуфт, ки масъалаи будубош ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони тоҷик пайваста дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо марбут ба пешгирии паҳншавии «Короновирус», ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, наметавонист ба вазъи будубоши муҳоҷирони меҳнатии мо дар хориҷи мамлакат бетаъсир монад. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали паҳншавии сирояти «Короновирус» бо мақсади муайян намудани вазъи воқеӣ ва саривақт андишидани тадбирҳои лозима бо вазорату идораҳои дахлдори Федератсияи Россия, намояндагиҳои расмии мамлакат дар кишвари иқомат ва намояндагони ташкилоту созмонҳои ҳамватанон мунтазам мулоқоту вохӯриҳо доир менамояд. Дар рафти ин мулоқотҳо вазъи воқеии муҳоҷирони меҳнатӣ ва вобаста ба масъалаҳои дарёфти роҳҳои бартарафсозии онҳо мавриди ҳаллу фасл қарор дода мешаванд. Дар давраи авҷи пандемия қисме аз ҳамватананони мо бинобар ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар баъзе мавридҳо аз ҷои кор ва музди меҳнат маҳрум монда буданд. Бо ташаббуси вазорат ва намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар кишвари иқомат ва аз ҷониби ҳамватанони саховатҷую саховатпеша ҷиҳати дастгирии шахсони эҳтиёҷманд ёрии моддию молиявӣ расонида шуд.

Таҳлили муроҷиатҳо нишон медиҳад, ки бинобар аз байн рафтани баъзе маҳдудиятҳо марбут ба тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ дар бозори меҳнати ФР талабот ба қувваи корӣ дар бахшҳои гуногун афзуда истодааст. Дар мулоқоти онлайние, ки дар моҳи сентябр Вазорат бо як қатор корфармоёни Россия доир намуд, корфармоён аз омодагии худ ҷиҳати қабули қувваи кории иловагӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон изҳор доштанд. Пӯшида нест, ки бо сабабҳои қатъ гаштани алоқаҳои доимии нақлиётию ҳавоӣ байни кишварҳо рафтуои шаҳрвандон имконнопазир гардид ва ин омил ба раванди маъмулии бокортаъминшавии муҳоҷирон таъсири худро гузошт.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти намояндагии вазорат дар ФР ин мусоидат ба бокортаъминкунии шаҳрвандони тоҷик, ки дар субъектҳои хоҷагидори ФР ба шумор меравад. Намояндагӣ дар ҳавзаҳои маъмурии федералии Россия бо корфармоёни потенсиалӣ пайваста мулоқоту вохӯриҳо мегузаронад, бо шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии коргарон ошноӣ пайдо менамояд.

Шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия бо сабабҳои гуногун бекор мемонанд ё худ дар дарёфти ҷои кор танқисӣ мекашанд, ба дафтари намояндагӣ ё кормандони дар минтақаҳо будаи он муроҷиат мекунанд ва мувофиқи қонунгузорӣ бо ҷои кор таъмин карда мешаванд. Фаъолияти меҳнатии муҳоҷир бояд тавассути барасмиятдарории ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозима ба роҳ монда шавад.Бинобарин тибқи фармони нав, шаҳрванди хориҷӣ, бори дигар такрор мекунем, ки дар ҳудуди Россия бояд бо патент ва пардохти моҳонаи андози он кор кунад. Агар шумо кор накунед, гирифтани патент шарт нест ва дар асоси санади сабти ном  ба истилоҳ регистратсия, ки то 15 март соли 2020 ба расимият  дароварда бошед ва он дар маҳзани маълумот (база данных) – и мақомоти дахлдор дар қайд бошад, бо ин ҳуҷҷат будубош намоед. Дар сурати доштани ин ҳуҷҷат намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми санҷиш нисбати шумо ҳуқуқи андешидани чораи маъмурӣ надорад.

Зимни мулоқоте, ки байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии Россия доир шуд, масъулини Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Россия вазъияти баамаломадаро имкони хуби қонунигардонии вазъи ҳуқуқӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ номид. Яъне, шаҳрванди хориҷие, ки бо сабабҳои гуногун то ин дам патент ба расмият надаровардааст, новобаста аз қайди мақсади вуруд ба ФР дар корти муҳоҷирати метавонад, соҳиби патент шавад ва бо ин будубоши худро дар ҳудуди Россия қонунӣ кунад.

Масъалаи бозгашт ва интиқоли ҷасад.        Албатта бо басташавии алоқаҳои нақлиёти заминию ҳавоии доимии байни кишварҳо дар кулли мамолики ҷаҳон ба раванди рафтуои шаҳрванди мо, алалхусус ба Федератсияи Россия ва аз он ҷо ба ватан мушкилоти муайянеро пеш овард. Ҳазорҳо ҳамватанони мо, ки дар ин мавсим мехостанд ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд ва баръакс аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Россия бармегаштанд, аз сабаби қатъи алоқаи нақлиётӣ натавонистанд, ин корро анҷом диҳанд. Аммо роҳбарияти ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳали ин мушкилоти муҳоҷирон дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори ҷониби Россия силсилаи парвозҳои чартериро аз шаҳрҳои гуногуни Россия ба Тоҷикистон амалӣ намуда истодааст, ки танҳо дар ниммоҳаи дуюми моҳи сентябр шумораи парвозҳои чартерӣ аз 70 адад зиёд буд.

Дуруст аст, ки ин миқдор хатсайрҳо наметавонад ба пуррагӣ талаботи хоҳишмандони ба ватан бермегаштаро қонеъ созад, аммо то ҷое ба дарди зарурафтодагон, яъне ба табақае, ки воқеан эҳтиёҷи бозгашт дорад,  бархурдор аст. Қабл аз ҳама, тавассути ин хатсайрҳо шахсони бемор, кӯҳансолон, модарони кӯдакдор, донишҷӯён, ҷасадҳои фавтидагон ва шахсони ҳамроҳӣ мекарда ба ватан оварда мешаванд. Рӯйхати шаҳрвандони эҳтиёҷманд пешакӣ бо пешниҳоди санадҳои тасдиқкунанда дар Сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Россия ба қайд гирифта шуда, шаҳрвандон аз кассаҳои ҳавопаймоҳо худашон шахсан омада чипта харидорӣ мекунанд ва ба парвоз иҷозат дода мешаванд.

Интиқоли ҷасад дар рейсҳои чартерӣ низ чун пештара ройгон аст. Зеро бо дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкатҳои ҳавоии ватанӣ муваззаф гардидаанд, ки ҷасади фавтидаи шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Федератсияи Россия ба ватан ройгон интиқол диҳанд. Ва бояд қайд намуд, ки ин иқдоми Сарвари давлат, ки бештар аз 10 сол пеш роҳандозӣ шудааст, боз як нишонаи ғамхории роҳбарияти мамлакат нисбат ба муҳоҷирони тоҷик буда, таҷрибаи мазкур дар ҳудуди ИДМ бесобиқа аст. Ин кор дар кулли шаҳрҳои Федератсияи Россия, ки парвози ширкатҳои ватанӣ мустақиман амалӣ мегардад, ройгон роҳандозӣ шудааст. Наздикону пайвандони марҳум, танҳо хароҷотҳои сардхонаҳо ва ширкатҳои дафниро вобаста ба интиқол омода кардани ҷасад пардохт менамоянд, халос.

Бояд гуфт, ки Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР мувофиқи низомномаи фаъолият дар интиқоли ҷасади ҳамватанон ягон масъулияту уҳдадорӣ ва кафолати молиявии пардохт ё ки нархгузории интиқоли ҷасади шаҳрвандонро надорад, яъне ба қавли дигар ба Намояндагӣ аз ҷониби ҳукумат ва дигар сохторҳои молиявӣ маблағ барои пардохти хароҷоти интиқоли ҷасадҳо пешбинӣ нашудааст. Намояндагӣ дар доираи салоҳияти худ ба наздикону пайвандони шахсони фавтида оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои лозима машварату кумакҳои ҳуқуқӣ мерасонад. Чун ҳамаи дигар намудҳои машварату кумакҳо ин кор низ аз ҷониби Намояндагӣ бо мақсади додани маълумоти дақиқ, пешгири намудани нофаҳмиҳо ва хароҷотҳои зиёд аз ҷониби наздикони шахсони фавтида ба ширкатҳои марбут ба маросимҳои дафнӣ ройгон амалӣ карда мешавад.

Ҳамватанони гиромӣ, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони тоҷик, беҳдошти шароити будубошуш ва фаъолияти меҳнатии онҳо пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳои хориҷӣ, бахусус Федератсияи Россия созишномаҳои байниҳукуматии ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ба тасвиб расонидааст, ки татбиқи онҳо асосан ба ҳалли масоили будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони мамлакат нигаронида шудааст. Дар асоси шартномаҳои дуҷониба таъсис ва ба роҳ мондани намояндагии расмии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират нишонаи бебаҳси таваҷҷӯҳи роҳбарияти давлат ба ҳалли масоили марбут ба будубош ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони тоҷик мебошад.

Дар навбати худ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитон дар Федератсияи Россия низ дар доираи салоҳияти ваколатҳои худ дар самти таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирон тоҷик дар самти дарёфти ҷойҳои муносиби корӣ, таҳияи санаду ҳуҷҷатҳои лозима, муносибатҳои меҳнати миёни корфармоёну коргарон дар кишвари иқомат саҳми худро мегузорад. Бо мақсади саривақт огоҳ намудани навгониҳо дар меъёри қонунгузории кишвари иқомамт дар соҳаи муҳоҷират дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия пайваста миёни ҳамватанон вохӯрию мулоқотҳо доир менамояд, ки дар рафти онҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ маслиҳату машваратҳои лозима дода мешавад.

Илова бар, ин шаҳрвандони мо бевосита ё худ тавассути телефонҳо бо дафтари Намояндагӣ тамос мегиранд ва барои ҳалли ин ё он мушкилоту нофаҳмӣ маслиҳату машварат мегиранд ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҷиҳати ҳалли ин ё он масъала аз ҷониби Намояндагӣ чораҳои амалӣ андешида мешавад.

 

                                              Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират

                                                                     ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо