ЧОРАБИНИҲО ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

[:tj] 

Тамошои дастҷамъонаи филми мустанади «Хиёнат»

 

Бо ташаббуси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд қисмҳои чорум ва панҷуми филми мустанади «Хиёнат» ба тамоми шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо дар шакли фита дастрас гардид. Онҳо қаблан қисмҳои якум, дуюм ва сеюми филми мазкурро гирифта буданд.

Имрӯзҳо бо ташаббуси сохторҳои зертобеи Раёсат дар шаҳру навоҳӣ тамошои дастҷамъонаи ҳамаи қисмҳои филми мазкур роҳандозӣ шуда истодааст. Аз ҷумла шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент барои 28 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо тамошои муташаккилонаи филмро ба роҳ монд. Баъд аз тамошо шаҳрвандон андешаҳояшонро перомуни мазмуну муҳтавои филми мустанад баён дошта, хоинону ватанфурӯшон ва душманони миллату давлатро маҳкум намуданд.

 

                                                           Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                        дар шаҳри Панҷакент

 

Ташвиқоту тарғибот дар участкаи интихоботӣ

 

Имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд низ барои дар сатҳи баланди омодагӣ ва ташкилӣ баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, масъулини ҳавзаи шаҳрии интихобот «Хуҷанд – 26» ва участкаҳои интихоботӣ  тадбирҳои муҳим андешида мешавад. Бо мақсади тайёрии ҳарчи бештар ба участкаҳои интихоботӣ роҳбарони ташкилоту идораҳо вобаста гардидаанд. Аз ҷумла сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова ба участкаи интихоботии №62, воқеъ дар бинои муассисаи таълимии ғайридавлатии «Ирфон», маҳаллаи ваҳдат масъул мебошад.

29-уми сентябр дар доираи шиносоӣ бо омодагии участкаи интихоботӣ дар байни ҳайати комиссияи участкаи мазкур ва волонтёрон кормандони шуъба корҳои иттилоотию маърифатиро вобаста ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории «Коронавирус» ва чораҳои бехатарӣ ба роҳ монданд. Бино ба иттилои сардори шуъба чунин мулоқотҳо дар дигар участкаҳои интихоботӣ ҳам гузаронида мешаванд.

                                                            Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                      дар шаҳри Хуҷанд

 

Ду чорабинӣ вобаста ба як мавзӯъ

 

Ҳамкории шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд бо муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳр дар давраи паҳншавии бемории сироятии КОВИД – 19 бамаротиб тақвият ёфта, дар самти ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии шаҳрвандон ва андешидани чораҳои пешгирикунанда аз усулҳои гуногуни ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ истифода бурда истодааст.

Таҷрибаи шуъба нишон дод, ки дар самти баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ташкили мулоқотҳои сарироҳӣ нақши калон мебозад. Бартарии ин тусули ташвиқоту тарғибот он аст, ки ягон хел толор, минбару баландгӯяк ё даъвату ҷамъ намудани шаҳрвандон лозим намеояд. Ташвиқоту тарғиботчиён ягон ҷои серодамро интихоб намуда, бо роҳгузарон суҳбати инфиродӣ мегузаронанд, қоидаҳои санитарӣ – гигиенӣ ва безараргардонию пешгирӣ аз сироятёбӣ аз бемориҳои гузарандаро фаҳмонида, ба онҳо маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва аз рӯи имкон ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим менамоянд.

Давоми ҳафтаи равон бо ташаббуси шуъба ду маротиба мулоқоти сарироҳӣ бо сокинон ва меҳмонони шаҳр гузаронида шуд. Мавзӯи асосии ҳар ду чорабинӣ ҳам пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ, пеш аз ҳама ВНМО ва КОВИД – 19 буд. Дар ташкил ва гузаронидани онҳо Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” бо шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд ҳамкорӣ намуд.

Мулоқоти сарироҳии якум дар назди мағозаи озуқавории “Анис”, дуюминаш дар назди Маркази саломатии №2 доир гардид ва ин бесабаб набуд. Дар давоми як соат садҳо нафар шаҳрвандон аз ин мавзеъҳо гузар менамоянд, ки синну соли гуногун доранд ва намояндагони табақаҳои мухталифи ҷомеа ҳастанд.

Аъзои гурӯҳи корӣ ин навбат низ дар рафти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳгузарон варақаҳои иттилоотӣ ва ташвиқотию тарғиботӣ тақсим намуданд.

 

                                                                         Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                            дар шаҳри  Хуҷанд                                                                        

 

                                                                     

 

                                                                                    [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо