Мулоқот бо фаъолони ҷамъиятии тоҷик дар вилояти Тюмени Федератсияи Россия

[:tj] 

  • 5 3 ва 4 октябри соли 2020 – бо супориши Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург Зафар Сайидзода – ҳайати густурдаи кормандони ин муссисаи давлатӣ ва намояндаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Федератсияи Россия Беҳрӯз Холиқов бо фаъолони ҷамъиятии тоҷик дар вилояти Тюмени Федератсияи Россия перомуни ҷанбаҳои муҳими сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва нақшаҳои минбаъдаи он дар самти рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, саҳми тоҷикони бурунмарзӣ дар иқтисодиёти ватанӣ, зарурати риояи қонунгузории муҳоҷиратӣ дар қаламрави Федератсияи Россия аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил гардидани хатсайрҳои чартерӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушкилоти ба фиреби баъзе миёнаравҳои қаллоб афтидани шаҳрвандони Тоҷикистон, пайомадҳои номатлуби фаъолияти тарғиботии гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу хатарзо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии Интернет миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мулоқоти муфассал намуданд.
  • Зикр гардид, ки дар олами муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар инсонҳои осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур, аз ҷумла, дар заминаи сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги амнияти ҷамъиятӣ табдил ёфтааст. Дидани чунин манзараҳои мудҳиш, хусусан барои мо, бисёр дардовар аст. Чунки замоне кишвари моро низ чун нуқтаи доғу ҷангзада ба маърази тамошои аҳли ҷаҳон мегузоштанд.
    Роҳбари ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Тюмен Абдулло Каримов дар баромади худ иброз доштанд, ки бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд.    Дар ин замина пешниҳод гардид, ки дар ҳузури ҳамаи ҷамъомадагон қисми 5-уми филми мустанади «Хиёнат», ки дар он амалҳои террористиву иғвогаронаи ташкилоту гурӯҳҳои бадхоҳи миллати тоҷик инъикос ёфтаанд, ба намоиш гузошта шавад. Баъди тамошои якҷояи филми мазкур иштирокдорон назари худро чунин шарҳ доданд, ки дар асл ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии тарзи ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рӯҳи солими инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд.
  • Дар анҷоми мулоқот аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар вилояти Тюмени Россия кору фаъолият мекунанд, даъват ба амал оварда шуд, ки 11 октябри соли 2020 ба Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург омада, дар чорабинии муҳимтарини сиёсӣ – интихоботи президентӣ – ширкат ва ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд.

                         Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

              аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид

                                                                           ба масъалаи муҳоҷират[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо