[:tj]
4-5 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи «Атлас» дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Центр по правам человека» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар -омӯзиш доир ба масъалаҳои танзими равандҳои муҳоҷират ва қонунгузории соҳаи муҳоҷират дар Федератсияи Россия бо назардошти вазъи номусоиди эпидемиологӣ, махсусан авҷи бемориҳои сироятии COVID-19 ва ВНМО байни кормандони сохторҳои Хадамоти муҳоҷират таҳти роҳбарии бевоситаи ҳуқуқшиноси Ташкилоти мазкур Зебо Қосимова баргузор гардид.
Бо мақсади ба низом даровардани равандҳои муҳоҷират, тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шудаанд, ки ҳадафи он ба ташвиқу тарғиби қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои қабулкунанда, инчунин ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва омодагии пеш аз сафари онҳо иртибот доранд.
Аз ин рӯ, муҳоҷиронро зарур аст, ки пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан аз хатари сироятёбии бемории вируси норасоии масунияти одам ва воситаҳои пешгирии он дар марказҳои тиббӣ огоҳӣ пайдо намуда, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани худро аз он эҳтиёд намоянд ва дар бозгашт ҳатман аз ташхиси бемории мазкур гузаранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷумҳурӣ, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро яке аз самтҳои афзалиятнок ва боэътимоди сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат ҳисобида, ба ҳалли мушкилоти он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Тавре Пешвои маҳбуби миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр намудаанд: «Саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёти ҷаҳон назаррас буда, аз он ҳам давлати содиркунандаи қувваи корӣ ва ҳам давлати қабулкунандаи он манфиати калони иқтисодӣ ба даст меоранд».
Дар семинар бо тариқи видео-онлайн бо намояндагони ВКД ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират суҳбат гузаронида шуд.
Кормандони сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ба Ташкилоти ҷамъиятии «Центр по правам человека» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки минбаъд низ дар якҷоягӣ бо аҳли Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолият кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Олимзода Орифҷон Олим
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Варзоб[:]