[:tj]Шаҳрвандони гиромӣ,
Агар мақсади ба Федератсияи Россия барои фаъолияти корӣ сафар карданро дошта бошед, Шумо бояд патентро дастрас намоед.Патент ба Шумо имконияти кор карданро дар назди шахсоне ҳуқуқӣ ва инфиродӣ таьмин менамояд.
* Шумо метавонед патентро дар сохторҳои зертобеи Сарраёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия дастрас намоед.
* Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани патент бояд ба сохторҳои зертобеи Сарраёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия дар муддати 30 рӯзӣ тақвими аз рузи воридшавӣ ба қаламрави Федератсияи Россия пешниҳод карда шаванд.
* Барои гирифтани патент Шумо бояд маьлумотномаи тиббӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори Федепатсияи Россия тастиқшударо дошта бошед.
* Мақомоти ҳудудии Саррёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз рӯзӣ гирифтани ариза ба шаҳрвандони хориҷӣ патентро медиҳад.
* Патент ба мӯҳлати аз 1 то 12 моҳ дода мешавад.
* Мӯҳлати амали (давомноки) патент метавонад чандин –карата ба мӯҳлати аз як моҳ тамдид гардад. Мӯҳлати умумии амали патент бо дар назардошти тамдид бояд аз 12 моҳ зиёд набошад.
* Мӯҳлати амали патент тамдидгардида ҳисоб мегардад агар андоз барои гирифтани патент пардохт гардидааст.Дар ин ҳолат муроҷиат ба сохторҳои зертобеии Сарраёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия зарур нест.
* Дар дигар ҳолатҳо мӯҳлати амали патент аз рӯзи охирон пардохти андоз барои гирифтани патент қать мегардад.
* Барои гирифтани патент ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намуд:
1) Ариза оид ба гирифтани патент;
2) Шиносномаи хориҷӣ;
3) Варақаи муҳоҷирати бо нишондод оид ба ба мақсади сафар –КОР ва бо қайди мақомоти сарҳадӣ оид воридшавӣ ба ФР ё бо нишондоди мақомоти ҳудудии Сарраёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия дар бораи дода шудани варақаи муҳоҷиратии мазкур;
4) Шартнома (ё полис) оид ба суғуртаи ихтиёрии тибби;
5) Варақаи пардохт (квитансия) оид ба супоридани ҷарима аз 10 то 15 ҳазор рубл (дар ҳолати пешниҳоди ариза барои гирифтани патент баьди 30 рӯз аз лаҳзаи воридшавии ба ФР);
6) Ҳуҷатҳои тасдиқкунанда оид ба надоштани касалиҳои сирояткунанда ва нашьамандӣ,инчунин маьлумотнома оид ба набудани касалиҳои ВНМО;
7) Ҳуҷҷат дар бораи донистани забони русӣ,таьрихи Россия ва асосҳои қонунгузории ФР;
8) Ҳуҷҷат дар бораи бақайдгирӣ дар ҷои икомат.
* Патент ба шаҳрванди хориҷӣ шахсан дода мушавад бо пешниҳоди шиносномаи хориҷӣ ва варақаи пардохт (квитанция) оид ба супоридани андоз барои гирифтани патент ба мӯҳлати амалӣ он.
* Дар муддати 2 моҳ аз рӯзи 1 гирифтани патент ба мақомоти ҳудудии Сарраёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия, ки патентро додааст бояд нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи шахсӣ –ҳуқуқӣ оид ба иҷрои корҳо (пешниҳоди хизматрасониҳо) пешниҳод карда мешавад.
* Шумо метавонед соҳиби сертификат оид ба донистани забони русӣ дар қаламрави ФР ё дар қаламрави ҶТ дар марказҳое,ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ФР аккредитатсия шудаанд, аз ҷумла Филиали Донишгоҳи давлатии ш.Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва филиали Донишкадаи энергитикии ш.Москва дар ш.Душанбе шавед.
* Барои тасдиқ намудани донистани забони русӣ,яке аз ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:
1) сертификат оид ба гузаштани тести давлатӣ ҷиҳати донистани забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ;
2) ҳуҷҷат дар бораи маълумотнокӣ, ки дар Федератсияи Россия тибқи шартномаҳои байналмилалӣ эьтироф мегардад;
3) шаҳодатномаи намунаи давлатӣ дар бораи маьлумотнокӣ (на кам аз маьлумотнокии миёнаи умумӣ), ки аз ҷониби муассисаҳои таьлимӣ дар қаламрави давлатҳои собиқ Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) то 1 сентябри соли 1991 дода шудааст;
4) ҳуҷҷат дар бораи маьлумотнокӣ ё тахассус ба шахсоне дода шудааст,ки аз аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия аз 1сентябри соли 1991 бо муваффақият гузаштаанд.
Раёсати муҳоҷирати меҳнатии
Хадамоти муҳоҷират
[:]