Қадами 3. Шумо дар Россия, Чӣ бояд кард?

[:tj] 

         Муҳиммаш: Дар муддати 15 рӯз пас аз он, ки Шумо ба Россия омадед, ба Шумо зарур аст, ки дар қайди баҳисобгирии муҳоҷиратӣ истед.

Баҳисобгирии муҳоҷиратӣ – ин огоҳ намудани Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба он аст, ки Шумо ба макони будубоши худ дар ҳудуди Россия ҳозир шудаед.

Барои ба қайди баҳисобгирии муҳоҷиратӣ истодан, Шумо бояд нусхаи шиносномаи хориҷӣ ва нусхаи варақаи муҳоҷиратиро ба ҷониби қабулкунанда (соҳибмулк, корфармо) пешниҳод намоед.

Муҳиммаш: Бо диққат буда, шарм накарда аз ҷониби қабулкунанда оид ба тартиботи қайди баҳисобгирии муҳоҷиратӣ пурсон шавед, зеро ҷониби қабулкунанда ҷавобгари он мебошад.

Пас аз гузаштани баҳисобгирии муҳоҷиратӣ, ҷониби қабулкунанда ба Шумо қисман ҷудошавандаи огоҳиномаро бо қайди баҳисоб гирифтани Шумо, бармегардонад.[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо