Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони дастгоҳи ҷамоат

[:tj] 

 

Тавре бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб иттилоъ медиҳад, вобаста ба гардиши хона ба хона аз ҷониби ҷамоати деҳоти Чорбоғ гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони дастгоҳи ҷамоат, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, раисони маҳаллаҳо, вакилони ҷамоат ва фаъолон ташкил карда шудааст.

Аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҳудуди 17 деҳаҳои ҷамоат ба 4978 хоҷагӣ оид ба пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави “Коронавирус” (COVID-19) бо сокинони аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Инчунин, аз тарафи ҷамоати болозикр дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ ба се марказҳои саломатӣ ва 7 бунгоҳи тиббии ҳудуди ҷамоат 90 литр хлор, 450 адад сӯзандору, 400 ҷуфт дастпӯшак, 100 адад ниқоб, 100 адад маҳлули безараргардонии спиртӣ, 40 адад собун, 15 адад собуни моеъ, 20 адад салфетка, 130 адад пахта ва 15 метр латта дастрас карда шуд.

Аз тарафи соҳибкор Қурбонова Шарифа ба муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат 50 адад собун, 1000 адад ниқоб, 160 адад маҳлули спиртӣ кӯмак расонида шуд.

Дар ин раванд, оид ба безараргардонӣ бо мақсади тақвият бахшидани самти зикргардида, вобаста ба пешгирии бемории сироятии “Коронавирус” хонаҳои истиқоматии деҳаҳои Чорбоғ 1, Чорбоғ 2, Чорбоғ 3, Чорбоғ 5, Даҳана, Шодоб ва Арақчини ҷамоати деҳоти мазкур бо гипохлориди натрӣ корҳои безараргардонӣ гузаронида шуданд. Инчунин, қат қади шоҳроҳи мошингарди ҳудуди деҳаҳои Шодоб, Гураҳа, Кӯлиҳавоӣ, Яккачағуз, Сарикутал, МДММТКМ “Чорбоғ” ва молбозор корҳои безараргардонӣ анҷом дода шуд.

Ҳамчунин дар идораи ҷамоати деҳоти Чорбоғ бо мақсади тақвият бахшидан ҷиҳати паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии КОВИД-19 маводҳои безараргардонӣ аз ҷумла хлор, ниқоб ва маҳлулҳои спиртӣ барои кормандони дастгоҳи ҷамоат захира карда шудааст.

Инчунин, дар дигар деҳаҳои ҳудуди ҷамоат корҳои безараргардонӣ идома дорад.

Бахш ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти муҳоҷират ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб чораҳои самарабахш меандешад.

 

                                                                         Олимзода Орифҷон

                                                        мудири бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                       дар ноҳияи Варзоб

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо