[:tj]Ба таъсиси Рӯзи Модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расо 12 сол пур шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 марти соли 2009 дар бораи Рӯзи Модар эълон намудани 8 март Фармон ба имзо расониданд. Ҳадафи ба тасвиб расонидани он «бузургдошти зан-модар-офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари ҷавонону наврасон ба роҳи нек ва пойдории оила» мебошад. Баъди ба тасвиб расидани фармони мазкур таҷлили ин ид дар Тоҷикистон мақоми хосса касб намуд.
Ҳамасола Рӯзи Модар дар мамлакати мо ба таври шоиста ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Модар барои ҳар як нафаре, ки ҳисси миллӣ дорад, ҳар нафаре, ки инсон аст, инсони комил ва ҳар нафаре, ки миллату Ватани худро дӯст медорад, дар ҳақиқат азиз аст, чунки модару Ватан бо ҳамдигар тавъаманд. Ва аз ин фурсати муносиб истифода бурда гуфтаниам:
Дар пичаву докаи сафедат ҷонам,
Дар ларзиши ҷисми баргибедат ҷонам.
Гӯйӣ, ки Худои ломакон дар дили туст,
Дар қалби накӯи пурумедат ҷонам…
Воқеан ҳам, зан-модар шахсест, ки наметавон бо як ду калима васфи уро намуд. Заҳмати шабонарӯзии тамоми модарони дунёст, ки дар ақсои олам рӯз то рӯз пешравию ихтирооти нав кашф гардида истодааст. Устод Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ чи зебо дар васфи зан-модар сухан гуфтааст: “Зан қонуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат ва дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст”.
Оре, саодати зиндагӣ дар калимаи зан модар нуҳуфтааст. Агар чунин аст, пас ранҷу ситоиши ин олиҳаи ҳусн ба чӣ хотир ? Ояндаи ҳар як ҷавонзан, модар шудану таълиму тарбияи фарзандони солим барои рушди ҷомеа мебошад. Ҳазорон таҳсину офарин ба он модароне, ки то охирин қувваю нерӯи худ баҳри таълиму тарбияи фарзандон сайю кӯшиши беандозаро роҳандозӣ менамоянд. Натиҷаи таълиму тарбияи модарони форсу тоҷик аз азал самараи хуб дода, он фарзандони фарзонаи миллат ба монанди Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Умари Хайём, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва ғайра, ки дар зиндаву ҷовид ва пойдор мондани адабиёти муосири мо саҳми хубе доштанд. Агар ба давраҳои гузаштаи таърихи халқи тоҷик назар кунем, қаҳрамониҳои занону модарони мо баръало мушоҳида гардида, инчунин, онҳо барои рушди таъриху тамаддун ва фарҳанги волои мо як зумра фарзандони қаҳрамон ба монанди Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум ва дигаронро тавлид намудаву хизмати арзандае кардаанд. Мақсад аз қалам ба даст гирифтану навиштани ин мақола дар он аст, ки мо мардон, пиру барно, ки ҳама зодаи модарони бузург ҳастем ба онҳо сари таъзим фуруд оварда дар хизмати эшон камари ҳиммат бандем.
Ид муборак модарони азиз!
Мардонзода Суҳайлӣ
мутахассиси пешбари шуъбаи
молия ва хоҷагидорӣ Хадамоти муҳоҷират
[:]