ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи хизмати дипломатӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» қабул карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
Раиси Маҷлиси намоняндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе 5 ноябри соли 2002
№726
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи хизмати дипломатӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе 12 ноябри соли 2002
№347
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи хизмати дипломатӣ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, №11, мод. 666; соли 2006, №11, мод. 471)
Ин Қонун асосҳои ҳуқуқӣ, тарғиби ташкил ва фаъолияти хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мафҳуми хизмати дипломатӣ
1. Хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намудҳои хизмати давлатӣ буда, татбиқи фаъолияти сиёсати хориҷӣ, таъмину ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ амалӣ намуда, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва усулҳои маъмули ҳуқуқи байналмилалӣ асос меёбад.
2. Хизмати консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси Оинномаи консулӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 2. Системаи мақомоти хизмати дипломатӣ
1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ (намояндагиҳои хориҷӣ), намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи Вазорати корҳои хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани фаъолияти Вазорат таъсис дода шудаанд, системаи мақомоти хизмати дипломатиро ташкил медиҳанд.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки идоракунии давлатиро дар соҳаи муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҷорӣ намуда, сиетемаи мақомоти хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарӣ менамояд.
Моддаи 3. Вазифаҳои хизмати дипломатӣ
Вазифаҳои асосии хизмати дипломатӣ иборатанд аз:
– таҳия намудани пешниҳодҳо перомуни назарияи умумӣ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Президенту Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш кардани онҳо;
– таҳия намудани пешниҳодҳо барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал ҷорӣ намудани ташаббусҳои Президент;
– татбиқ намудани сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯмак расондан ба амалӣ кардани сиёсати хориҷии иқтисодӣ;
– таъмин намудани ҳифзи истиқлолият, бехатарӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, манфиатҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва монанди инҳо дар арсаи байналмилалӣ тавассути воситаҳои дипломатӣ;
– ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандону шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷӣ кишвар;
– амалӣ намудани муносибатҳои дипломатию консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
– ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо мақсади таъмини пеш бурдани сиёсати ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
– таҳлил кардани маҷмӯи проблемаҳои байналмилалӣ, сиёсати хориҷию дохилии кишварҳои хориҷӣ, фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ;
– таъмин намудани мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттилоот, ки барои татбиқи сиёсати хориҷию дохилӣ зарур аст;
– иҷро намудани вазифаҳои дигар тибқи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 4. Доираи фаъолияти хизмати дипломатӣ
Тибқи вазифаҳои ба зиммаи хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда вай фаъолияти зеринро иҷро мекунад:
– муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ таъмин менамояд;
– пешниҳодҳоро оид ба масъалаҳои муносибат бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ таҳия мекунад ва онҳоро мувофиқи тартиботи муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш мекунад;
– гузаронидани гуфтушунидҳо ва имзо намудани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил мекунад;
– таҳияи пешниҳодот оиди хулосаҳо, тасдиқ, иҷро, боздошт ва бекор кардани амали шартномаҳои байналмилалӣ, инчунин ҳамроҳшавӣ ба онҳо ва ворид намудани пешниҳодот ба баррасии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– иҷрои шартномаҳои байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, дар таҳияи пешниҳодҳо оиди мутобиқсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат мекунад;
– дар коркарди сиёсат ва чорабиниҳои мушаххас оид ба таъмини ҳуқуқҳо ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дифоъ ва бехатарии он, вусъати равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва молиявӣ, табодули илмию техникӣ, фарҳангӣ ва амсоли инҳо бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат мекунад;
– иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид, дигар ташкилотҳои байналмилалӣ, конфронсҳо, форумҳо таъмин намуда, ба баланд шудани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳалли проблемаҳои умумиҷаҳонию минтақавӣ мусоидат мекунад;
– манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи муҳити зист, аз худ кардани захираҳои Уқёнуси ҷаҳонӣ ва омузиши фазои кайҳон таъмин менамояд;
– дар табодули ҳайатҳои байнидавлатӣ дар сатҳи баланду олӣ аз рӯи ташрифот ширкат намуда, назорати риоя намудани имтиёзоту масуниятҳои дипломатиро ҷорӣ мекунад;
– барои барқарор кардани робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муносибатҳои хориҷии он кӯмак мерасонад;
– дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷӣ он кори консулиро ташкил медиҳад;
– ба инкишофи ҳамкориҳо бо ҳамватаноне, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, кӯмак мерасонад;
– фаъолияти системаи ягонаи давлатии бақайдгирӣ, ҳисоб ва нигоҳ доштани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;
– ба фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат карда, дар доираи салоҳиятҳои худ назорати фаъолияти муассисаҳои ба онҳо хизматкунандаро назорат менамояд;
– бо роҳҳои дипломатӣ кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъмин кардани сулҳи байналмилалӣ, амнияти минтақавию умумиҷаҳонӣ татбиқ мекунад;
– ба паҳн кардани иттилоот дар бораи сиёсати хориҷию дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи он, ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии кишвар мусоидат мекунад;
– дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагиҳои хориҷии он, намояндагиҳои он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои тобеи онро бо мутахассисон таъмин мекунад, тайёр ва такмили дониши кадрҳои хизмати дипломатӣ ва баланд бардоштани тахассуси онҳоро ташкил мекунад;
– бо мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои дар салоҳияти худ буда ҳамкорӣ мекунад;
– ба мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма дар хусуси вазъи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад;
– фаъолияти алоқаи мустақили дипломатию номарасониро таъмин карда, шабакаи хусусии телекоммуникатсионии худро истифода мебарад, инчунин мувофиқи тартиботи муқарраргардида маводро ба табъ мерасонад;
– ташкили системаи бехатарии мақомот ва муассисаҳои худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он таъмин мекунад;
– корҳои дигарро, ки дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, иҷро мекунад.
Боби 2. Сохтори хизмати дипломатӣ
Моддаи 5. Ташкили хизмати дипломатӣ
1. Ташкил кардани хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи таъсис додани системаи ягонаи хизмати дипломатӣ ба амал бароварда мешавад.
2. Таъсис додани Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ кардани сохторҳои Вазорат ва намояндагиҳои Вазорат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳ ва сохтори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 6. Ташкили фаьолияти хизмати дипломатӣ
Ташкили фаъолияти хизмати дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 7. Маблағгузорӣ ва таъмини моддию техникии хизмати дипломатӣ
1. Маблағгузорӣ ва таъмини моддию хоҷагии фаъолияти мақомоги хизмати дипломатӣ мувофиқи тартиботе, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаасг, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба вуҷуд оварда мешавад.
2. Тартиби соҳибӣ кардан, истифода бурдан ва дар ихтиёри худ доштани амволи ғайриманқулу дигар молҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ва хориҷа бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 8. Ташкили алоқа ва бойгонӣ дар системаи хизмати дипломатӣ
1. Хизмати дипломатӣ дар фаъолияти худ шабакаи мустақили телекоммуникатсия ва хадамоти шахсии номарасонии худро истифода мебарад.
2. Бо мақсади нигоҳ дошгани ҳуҷҷатҳо ва маводи барои иҷрои вазифаҳо ва пешбурди фаъолияти хизмати дипломатӣ зарур бойгонии хизмати дипломатӣ ташкил карда мешавад. Дар бойгонии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд,
Боби 3. Кадрҳои хизмати дипломатӣ
Моддаи 9. Ҳайати кадрҳои хизмати дипломатӣ
Ба ҳайати кадрҳои хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони зерин дохил мешаванд:
– кормандоне, ки ба таври доимӣ вазифаҳои расмии дипломатиро ишғол намудаанд;
– кормандоне, ки ба таври доимӣ вазифаҳои расмии маъмурию техникиро ишғол кардаанд;
– кормандоне, ки барои кор ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё барои таҳсил дар донишгоҳҳои олӣ, аспирантура ва докторантура аз тарафи Вазорати корҳои хориҷӣ равон карда шудаанд;
– кормандони мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансабҳои бо иҷрои вазифаҳою фаъолиятҳои хизмати дипломатӣ алоқадоштаро ишғол намудаанд;
– кормандони хизмати дипломатӣ, ки барои кор ба дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳою ташкилотҳо, инчунин ба муассисаҳои илмию таълимии олӣ гузаронида шудаанд.
Моддаи 10. Кормандони хизмати дипломатӣ ва вазифаҳои дипломатӣ
1. Кормандони хизмати дипломатӣ (кормандони дипломатӣ) шахсоне мебошанд, ки дар мақомоти хизмати дипломатӣ соҳиби мансабҳои дипломатӣ мебошанд.
Шахсоне, ки хизматрасонии техникиро иҷро мекунанд ва фаъолияти хизмати дипломатиро таъмин мекунанд, ба кормандони хизмати дипломатӣ тааллуқ надоранд.
2. Номгӯи мансабҳо ва теъдоди кормандони мақомоти хизмати дипломатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Барои кормандони хизмати дипломатӣ, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ кор мекунанд, мансабҳои зерин муқаррар карда мешавад:
а) Сафири фавқулодда ва мухтор, Намояндаи доимӣ дар назди ташкилоти байналмилалӣ;
б) Консули генералӣ;
в) Мушовир-фиристода (муовини Сафири фавқулодда ва мухтор ва ё Намояндаи доимӣ дар назди ташкилоти байналмилалӣ);
г) Мушовир;
д) Консул;
е) Котиби якум;
ё) Ноиби консул;
ж) Вакили консулӣ;
з) Котиби дуюм;
и) Котиби сеюм;
к) Атташе (вобаста).
Боби4. Адои хизмати дипломатӣ
Моддан 11. Таъйинкунӣ ба вазифаҳои дипломатӣ
1. Ба вазифаҳои дипломатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти олӣ ва қобилияти зарурӣ барои кор дар хизмати дипломатиро доранд, таъйин карда мешаванд.
2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷиро бо фармон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад, ки он дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Сафирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин гардида, аз вазифа озод карда мешаванд.
4. Муовинҳои Вазири корҳои хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъйин карда мешаванд ва аз мансаб озод карда мешаванд.
5. Таъйин намудан ба дигар вазифаҳо ва озод кардан аз дигар вазифаҳои хизмати дипломатӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷӣ сурат мегирад.
6. Корманди хизмати дипломатӣ баъди кор дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба вазифае таъйин карда мешавад, ки он баробари вазифаи ишғолнамудаи ӯ дар хориҷа мебошад, ба шарте, ки агар ӯ мавриди ҷазои интизомӣ, ки дар моддаи 25 Қонуни мазкур пешбинӣ карда шудааст, қарор нагирифта бошад.
Моддаи 12. Тағйири вазифаҳо ва таъйинкунии кормандони хизмати дипломатӣ ба вазифаҳо
1. Ба вазифаи дигар гузаронидани кормандони хизмати дипломатӣ мутобиқи зарурати хизматӣ, бо дарназардошти дараҷаи ихтисос, тайёрии касбӣ, принсипҳои ротатсия ва тахассуси кадрҳо ба амал бароварда мешавад.
Ба вазифаҳои холӣ таъйин кардани кормандон мувофиқи Қонуни мазкур ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Дар давраи кор дар муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст танҳо як маротиба вазифаи корманди хизмати дипломатиро баланд бардошт, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар муддати иқомати ӯ дар хориҷа аз рӯи зарурати хизматӣ дароз карда шавад.
Кормандони хурди дипломатӣ (атташеҳо, котибони сеюм)-ро ҳангоми кор дар муассисаҳои хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст то мансаби котиби дуюм баланд бардошт.
Моддаи 13. Ротатсияи кормандони хизмати дипломатӣ
1. Дар системаи хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ротатсияи кормандони хизмати дипломатӣ амал мекунад. Дар доираи ротатсия кормандони хизмати дипломатӣ бо назардошти тайёрии касбӣ ва тахассусашон ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ ба кор фиристода мешаванд, инчунин онҳоҳам дар дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар намояндагиҳои он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
2. Муддати кори кормандони хизмати дипломатӣ дар сохторҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва кори онҳо дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд на бештар аз ду солро ташкил диҳад.
3. Муддати кори муттасили кормандони хизмати дипломатӣ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ набояд аз се сол зиёд бошад.
Аз рӯи зарурати хизматӣ ва бо ризоияти корманди хизмати дипломатӣ муддати мазкур мумкин аст аз ҷониби Вазири корҳои хориҷӣ як бор ва ба муддати то як сол дароз карда шавад.
4. Муддати кори муттасили шахсони ба вазифаи дипломатӣ мутобиқи банди 3 моддаи 11 Қонуни мазкур таъйингардида дар намояндагиҳо ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
5. Татбиқи ҷазои интизомӣ нисбати кормандони хизмати дипломатӣ тибқи тартиби муқарракардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 14. Маҳдудияти хизмати якҷояи хешовандон дар хизмати дипломатӣ
Дар сохтори хизмати дипломатӣ ба шахсоне, ки бо якдигар хешони наздик ҳисоб меёбанд (падару модар, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, фарзандхондаҳо, инчунин бародарон, хоҳарон, падару модар ва фарзандони зан ва ё шавҳар), иҷозати кор кардан дода намешавад, агар кори онҳо бо тобеияти бевосита ва ё таҳти назорати якдигар алоқа дошта бошад.
Моддаи 15. Аттестатсияи хизматӣ
1. Кормандони хизмати дипломатӣ дар муддати се сол як маротиба аз аттестатсияи хизматӣ мегузаранд.
2. Тартиби гузаронидани аттестатсияи хизматӣ аз рӯи Низомнома дар бораи аттестатсияи кормандони хизмати дипломатӣ, ки аз тарафи Вазири корҳои хориҷӣ тасдиқ карда мешавад, муқаррар мешавад.
Моддаи 16. Бозхонди кормандони хизмати дипломатӣ
1. Кормандони хизмати дипломатӣ, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ кор мекунанд, ҳангоми содир намудани кирдорҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё кишвари муқим барои онҳо ҷавобгарӣ муқаррар намудааст, ҳамчунин дар ҳолатҳои содир намудани кормандон ва ё аъзои оилаи онҳо рафторҳои ношоям ё амалҳое, ки ҳангоми иҷрои минбаъдаи ваколатҳои хизматӣ мумкин аст ба оқибатҳои вазнин оварда расонад, онҳо метавонанд пеш аз мӯҳлат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонда шаванд.
2. Қисми аввали моддаи мазкур кормандонро аз зумраи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад, ки дар ҳайати маъмурию техникӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ вазифа доранд.
Моддаи 17. Тайёрии касбӣ ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони хизмати дипломатӣ
1. Кормандони хизмати дипломатӣ бо ризоияташон метавонанд ба таври муваққат ба муассисаҳои олии таълимӣ, муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дигар кишварҳо барои тайёрии касбӣ ва таҷрибаомӯзӣ, баррасии илмии проблемаҳои муҳими байналмилалӣ фиристода шаванд.
2. Бо ба итмом расидани давраи таҷрибаомӯзӣ ва ё сафари маъмурии илмӣ корманди хизмати дипломатӣ ба вазифае таъйин мешавад, ки аз вазифаи собиқи ӯ то давраи фиристоданаш ба муассисаҳои таълимию илмӣ пасттар нест.
Боби 5. Рутбаҳои дипломатӣ
Моддаи 18. Рутбаҳои дипломатӣ
Ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои дипломатӣ дода мешавад.
Рутбаҳои дипломатии кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон муқаррар мекунад.
Низомномаи таритиби додани рутбаҳои дипломатӣ ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
(Моддаи 19.
Моддаи 20.
Моддаи 21. Хориҷ карда шуд бо Қ ҶТ аз 21.11.06с, №210)
Боби 6. Ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо, ҳавасмандкунӣ ва масъулияти кормандони хизмати дипломатӣ
Моддаи 22. Ҳуқуқҳои кормандони хизмати дипломатӣ
1. Вобаста ба иҷрои ваколатҳои худ кормандони хизмати дипломатӣ ҳуқуқ доранд:
а) аз тамоми ҳуқуқ ва озодиҳое, ки аз ҷониби Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст, истифода баранд;
б) дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳое, ки бо иҷрои вазифаҳо ва фаъолияти хизмати дипломатӣ алоқа доранд, иштирок кунанд;
в) тибқи тартиботи муқарраргардида иттилоот, ҳуҷҷатҳо ва маводро, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ заруранд, дарёфт намоянд;
г) ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба инкишофи минбаъда ва такмили фаъолияти мақомоти хизмати дипломатӣ таклифҳо пешниҳод намоянд;
д) ба пешравӣ дар хизмати дипломатӣ бо назардошти сатҳи маълумот, тайёрии касбӣ ва тахассусӣ;
е) ба такмил ва баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси худ, аз ҷумла рафтан ба сафарҳои хизматӣ ба хориҷи кишвар;
ё) дигар ҳуқуқҳоро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, истифода намоянд.
2. Кормандони хизмати дипломатӣ ҳақ надоранд, ки:
а) бо дигар фаъолиятҳои пардохтшаванда машғул шаванд, ба ғайр аз фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ ва эҷодӣ;
б) ба фаъолияти соҳибкорӣ шахсан ва ё тавассути ашхоси боваринок бипардозанд;
в) бе иҷозати роҳбарият мукофотҳо, рутбаҳои фахрӣ ва ё махсуси кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалию хориҷиро қабул намоянд.
3. Кормандони хизмати дипломатӣ дар давраи кор дар хориҷа ҳуқуқ доранд аз имтиёзот ва масуниятҳо, ки тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ барои кормандони хизмати дипломатӣ муқаррар гардидаанд, истифода баранд.
Моддаи 23. Eҳдадориҳои кормандони хизмати дипломатӣ
1. Ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ кормандони хизмати дипломатӣ ӯҳдадоранд:
а) Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунанд;
б) риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳою манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони он ва шахсони юридикиро дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ таъмин намоянд;
в) ҳифзи моликияти давлатиро ҳам дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷӣ он таъмин кунанд;
г) вазифаҳо ва фаъолиятҳоеро, ки ба зиммаи онҳо вогузошта шудааст, софдилона иҷро намуда, ба таври сазовор Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат бо дигар кишварҳою ташкилотҳои байналмилалӣ муаррифӣ намоянд;
д) фармонҳою супоришҳои роҳбарони мақомоти хизмати дипломатиро, ки дар доираи салоҳиятҳои онҳо содир шудаанд, иҷро намоянд;
е) интизоми меҳнатӣ, инчунин меъёрҳои этикаи дипломатиро риоя кунанд;
ё) дараҷаи касбию ихтисосии худро баланд бардоранд;
ж) ӯҳдадориҳои дигарро, ки дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудаанд, иҷро намоянд.
2. Кормандони хизмати дипломатӣ дар давраи кор дар хориҷа ӯҳдадоранд, ки қонунҳо, қоидаҳо, анъанаҳо ва одатҳои кишвари муқимро эҳтиром кунанд.
Моддаи 24. Ҳавасмандкунии кормандони хизмати дипломатӣ
1. Барои кормандони хизмати дипломатӣ намудҳои зерини хавасмандкунӣ муқаррар карда шудаанд:
а) баланд бардоштани вазифа;
б) пеш аз мӯҳлат додани рутбаи дипломатӣ;
в) додани рутбаи дипломатӣ;
д) мукофотонидан бо ҳадяҳои арзишнок.
Кормандони хизмати дипломатиро инчунин бо мукофотҳои дигар, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ пешбинӣ кардаанд, ҳавасманд намудан мумкин аст.
2. Барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони хизмати дипломатӣ метавонанд ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонпешбарӣ карда шаванд.
Моддаи 25. Ҷавобгарии кормандонн хизмати дипломатӣ
1. Кормандони хизмати дипломатӣ дар ҳолати вайрон кардани ӯҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Нисбати кормандони хизмати дипломатӣ чунин ҷазоҳои интизоми татбиқ карда мешаванд:
а) танбеҳ;
б) огоҳсозӣ дар бораи ба хизмат мувофиқ набудан;
в) ба муддати як сол таъхир андохтани додани рутбаи навбатии дипломатӣ ва ё таъйин намудан ба вазифаи баландтар;
г) паст кардани вазифа ва ё рутбаи дипломатӣ;
д) аз хизмат озод кардан.
3. Барои содир намудани амале, ки дар худ мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии дигар дорад, ҷавобгарии интизомӣ муқаррар намудан мумкин нест.
Боби 7.
Кафолатҳо ва ҷубронкунӣ, таъмини моддию иҷтимоии кормандони хизмати дипломатӣ
Моддаи 26. Кафолатҳо ва ҷуброни кормандони хизмати дипломатӣ дар аснои кор дар хориҷа
1. Бо назардошти мушкилоти адои хизмат ва хатарҳои алоқаманд ба он, инчунин хусусиятҳои хоси кишвари хориҷӣ ба кормандони хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо таъминоти моддию иҷтимоӣ фароҳам оварда мешавад.
Иқомат кардан дар хориҷа ба кормандони хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо набояд ягон зараре расонад.
2. Кормандони хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо хизматрасонии тиббии муносиб таъмин карда мешаванд.
3. Корманди хизмати дипломатӣ, ки дар муассисаҳои дипломатию консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистондар назди ташкилотҳои байналмилалӣ кор мекунад ва аъзои оилаи он, ки ҳамроҳаш зиндагӣ мекунанд, ба пардохти хароҷоти сафар ба ҳарду тараф, ки бо рафтани корманди хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи он ба кишвари муайяншуда алоқа дорад, ҳуқуқ доранд. Вай инчунин ба рухсатии ҳарсолаи асосӣ ва иловагии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшаванда ва рухсатии бепул ҳуқуқ дорад.
4. Ҳангоми омадани корманди хизмати дипломатӣ ба ҷои хизмат ба ӯ пули харҷи роҳ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ, ки барои корманди хизмати дипломатӣ муқаррар гардидаасг, дода мешавад.
5. Корманди хизмати дипломатӣ дар хориҷа бояд бо назардошти аъзои оилаи он, ки ҳамроҳаш зиндагӣ мекунанд, мавқеи мансаби ишғолнамудаи он ва вазъи маҳаллӣ бо манзили истиқоматии хизмати таъмин карда шавад.
6. Дар ҳолати низоҳои мусаллаҳона ё дохилӣ ва ё дар ҳолатҳои таҳдид ба амнияти намояндагиҳо ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳайати кормандони онҳо, ҳамчунин дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ ва дигар вазъиятҳо дар мавқеи воқеъгардидаи муассисаҳои дипломатию консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ чораҳои заруриро барои таъмини бехатарӣ, ҳимояи кормандони хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи бо онҳо истиқоматдошта меандешад.
Зараре, ки ба корманди хизмати дипломатӣ ва ё аъзои оилаи он дар вақти иқоматашон дар хориҷа, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ё дигар иқдомоти бо ин алоқаманд расонида шудааст, бо тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҷуброн карда мешавад.
7. Муқаррароти моддаи мазкур ҳамчунин коргарони хизмати дипломатӣ ва ашхосеро, ки хизматрасонии техникии мақомоти хизмати дипломатиро ба ҷо меоранду ба ҳайати кормандони хизмати дипломатӣ тааллуқ надоранд, дар бар мегирад.
Моддаи 27. Муносибатҳои меҳнатии кормандони хизмати дипломатӣ
Муносибатҳои меҳнатии кормандони хизмати дипломатӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
Моддаи 28. Музди меҳнати кормандони хизмати дипломатӣ
1. Музди меҳнати кормандони хизмати дипломатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
2. Музди меҳнати кормандони хизмати дипломатӣ ва ашхосе, ки хизматрасонии техникӣ ва фаъолияти мақомоти хизмати дипломатиро дар хориҷа таъмин мекунанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба эътибор гирифтани шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва моддию маишии кишвари муқим муайян карда мешавад.
3. Андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ барои рутбаи дипломатӣ ва барои донистани забонҳои хориҷӣ ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
4. Ба кормандони хизмати дипломатӣ маблағ барои дарёфт намудани либосу анҷом дода мешавад. Миқдор ва даврияти додани маблағ барои либосу анҷом аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 29. Таъминкунӣ бо нафақа ва ҳимояи иҷтимоии кормандони хизмати дипломатӣ
Таъминкунӣ бо нафақа ва ҳимояи иҷтимоии кормандони хизмати дипломатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Боби 8. Қатъ гардидани хизмати дипломатӣ
Моддаи 30. Қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатии кормандони хизмати дипломатӣ
1. Барои қатъ гардидани хизмати дипломатӣ инҳо асос шуда метавонанд:
а) аризаи хаттӣ оиди бо хоҳиши худ аз кор рафтан;
б) расидани корманди хизмати дипломатӣ ба синни ниҳоии барои хизмати дипломатӣ муайяншуда, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст;
в) ба таври ошкоро пешкаш кардани маълумоти дуруғ аз ҷониби корманди хизмати дипломатӣ дар хусуси даромадҳою амволи худ;
г) маҳрумшавӣ аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
д) асосҳои дигар, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудаанд.
2. Озод кардани корманди хизмати дипломатӣ аз ҷониби шахси ваколатдор, ки ҳуқуқи таъйин намудан ба вазифаи дипломатиро дорад, ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 31. Мавриди амал қарор додани қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
Президента
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
2 декабри соли 2002
№61