Москва муҳоҷирони меҳнатиро интизор аст!

        Лағви маҳдудиятҳо барои вуруди муҳоҷирон ба Москва аз вазъи эпидемиологӣ вобаста аст, изҳор дошт Владимир Ефимов, ноиби шаҳрдори Москва дар умури сиёсати иқтисодӣ ва моликияту замин.

         “Мо бешак зарур медонем, ки маҳдудиятҳо барои вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ бояд бардошта шаванд”, – изҳор дошт ноиби раиси шаҳрдори Москва.

         Ефимов илова намуд, ки лағви пурраи маҳдудиятҳо аз мақомоти салоҳиятноки соҳаи эпидемиологӣ – “Роспортебнадзор” вобаста мебошад.

         Ӯ таъкид намуд, ки барои таъмини он иншооте, ки сахт ба нерӯи корӣ ниёз доранд, тартиби муайяни қабули қарорҳо амал мекунад.

         Аз ҷумла барои ҳалли ин мушкил дар Ӯзбекистон маркази муҳоҷират ифтитоҳ шуда, дар Тоҷикистон низ дар назар аст, илова намуд, Ефимов.

         Ин марказҳои муҳоҷират барои ҷалби коргарон бар асоси дархости корфармоён аз Россия фаъолият хоҳанд кард.

         Ефимов илова намуд, ки ин марказҳо пас аз бекор кардани маҳдудиятҳои марбути пандемия низ корро идома медиҳанд, зеро онҳо ояндадоранд ва имкон медиҳанд, ки мутахассисони пешакиро барои ихтисосҳои мавҷуда интихоб кунанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо