Ҷамъбасти даври ниҳоии фестивали ҷумҳуриявии “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”

24 апрел дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2018-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор гардид.

Мутобиқи низомномаи тасдиқшуда, фестивал дар се давр доир гардида, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар маркази вилоятҳо ва даври сеюм 24 апрел дар пойтахт ҷамъбаст гардид.

Дар он аз гӯшаву канори мамлакат ҳунармандони чирадасти тоҷик зарфҳо, матоъҳо, асбоби мусиқӣ, қолинҳо, кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, кандакорӣ, маснуоти заргарӣ, кулолгарӣ ва дигар намуди маҳсулоти ҳунармандиро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт гардониданд.

Дар фестивали мазкур намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони корпуси дипломатӣ, намояндагони сафоратхонаҳои хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ҳунармандон аз гӯшаву канори мамлакат ва меҳмонон иштирок намуданд.

Дар Фестивал муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълимии Маркази таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ намунаи ҳунарҳои мардумиро пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонданд.

Дар поёни чорабинӣ иштирокчиёни фаъоли Фестивали ҷумҳуриявӣ бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Ҳадафи баргузории Фестивал аз эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш намудани ҳунари аҷдодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ иборат буд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо