Силсила-вохӯриҳо ба хотири қонунигардонии ҳуҷҷатҳои буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ

Масъулини Раёсату, шуъбаву бахшҳои Хадамоти муҳоҷират бо мақсади тақвият бахшидани корҳои иттилоотӣ ҷиҳати пешниҳоди тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба раванди қонунигардонии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон, ки норасмӣ, яъне бе ҳуҷҷатҳои қонунии буду бош дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, силсилаи вохӯриву суҳбатҳоро ба роҳ мондаанд.

Дар ҷараёни суҳбатҳои рӯ ба рӯ кормандони масъули Раёсату, шуъбаву бахшҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони мамлакат даъват ба амал оварданд, ки аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷирати ноҳияҳои Вазорати корҳои дохилии Федерастияи Россия муроҷиат намоянд ва нусхаи корти муҳоҷиратӣ гирифта, худро аз сари нав ба қайди муҳоҷиратӣ монанд. Дар ин баробар иҷозатномаи корӣ барои фаъолияти меҳнатӣ, яъне патент дастрас намоянд. Агар ин амал барои буду боши қонунӣ аз ҷониби шаҳрвандон иҷро нагардад, пас аз моҳи июни имсол бо ҷурми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври «автоматӣ» вуруди чунин муҳоҷирон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ мегардад.

Ҳамзамон, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва ноҳияҳои Темурмалик, Тоҷикобод, Рӯдакӣ, Варзоб бо ҳузури сокинон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо чунин мулоқотҳо баргузор гардида, ба ҳозирин раванди азнавбақайдгирӣ фаҳмонида шуд.

Силсила вохӯриҳо дар ин самт аз ҷониби кормандони масъули Раёсату, шуъбаву бахшҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома доранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо