Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар вилояти Хатлон

28 апрели соли равон гурӯҳҳои кории ситоди дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ба ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шамсиддин Шоҳин ва Восеъ як қатор вохӯриҳои судманд анҷом доданд.

Чунин вохӯриҳо дар бинои маъмурии Ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ, дар толори Раёсати молияи шаҳраки Москва бо иштироки имомхатибон, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, ҳамчунин дар масҷиди ҷомеи шаҳраки Москва ба номи ҳазрати Билол, ки дар он зиёда аз 350 нафар ҳузур доштанд, баргузор гардид.

Гурӯҳи корӣ фаъолияти фаҳмондадиҳиро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин идома дода, дар Ҷамоати деҳоти Шӯрообод бо 20 нафар ва дар назди қасри фарҳанг бо 25 нафар сокинон вохӯрӣ намуда, масъалаи барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатиро шарҳ доданд.

 

Дар ҷараёни вохӯриҳо ҳайати гурӯҳи корӣ ба ҳозирин маводҳои иттилоотӣ тақсим намуда, даъват ба амал оварданд, ки бо пайвандону дӯстони худ, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия ғайрирасмӣ кору фаъолият доранд ва аз қайд нагузаштаанд, ба онҳо расонанд, то бо барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои худ дар ин кишвар фаъолияти меҳнатии худро идома диҳанд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маром идома дорад ва сафарбарнамоии гурӯҳҳои корӣ ба ВМКБ ва вилояти Суғд дар назар аст.

 

 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо