Таҷлили Иди Ғалаба дар Хадамоти муҳоҷират

7 май дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ботантана бахшида ба ҷашни 76-умин солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Нахуст, бо сухани табрикотӣ дар назди ҳозирин Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир баромад намуда, иброз дошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корнамоиҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошгти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштаанд, таҷлил мекунанд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор шаҳрвандон ба ҷанг сафарбар карда шуда, онҳо бо ҷасорату қавииродагии худ ҷони худро баҳри ҳимояи Ватани бузург нисор намуданд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ баҳри ҳифзи Ватан ба ҳалокат расидаанд.

Мавриди ёдоварист, ки 68 нафар иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон ба унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор гашта, 21 нафарашон дорандаи ҷоизаи се дараҷаи ордени «Шараф», ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон 49973 нафарашон ба баталёнҳои коргарии сохтмонӣ ва ақибгоҳ сафарбар карда шудаанд, ки заҳмати софдилонаи онҳо то имрӯз аз ёдҳо нарафтааст. Бояд зикр намуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон се дивизияи хушкигарди Артиши Сурх таъсис дода шуда, бо лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд, ки дар муҳорибаҳои муҳимтарини Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат кардаанд, – қайд кард Каримзода Тоҳир.

Дар фарҷом аз номи роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Хадамоти муҳоҷират ҳамаи кормандонро бо ифтихори таҷлили 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба самимона табрику таҳният гуфта ба хонадони ҳар яки онҳо будбориҳо таманно намуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо