Баррасии фаъолияти муассисаҳои давлатӣ

11 майи соли равон ҷаласаи кории назди Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии фаъолияти муассисаҳои давлатии “Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим”, “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” дар 4 моҳи соли равон доир гардид.

Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки ин муассисаҳо фаъолиятро дар самти омодасозии кадрҳои коргарӣ, такмили салоҳияти касбӣ, таҳкими неруи эҷодӣ, қонеъгардонии талаботи калонсолон ба дониш, малака ва маҳорат ва мутобиқшавӣ ба вазъи имрӯзаи бозори меҳнат ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар ин давра аз ҷониби МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” 10 871 нафар ба курсҳои касбу ихтисосҳои коргарӣ фаро гирифта шуданд, ки аз ин шумора 5 363 нафарро занон ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, дар чор моҳи соли ҷорӣ 171 нафар корманди системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро дар МД “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” гузашта, аз ҷониби МД “Маркази таълимӣ – методӣ ва мониторинги сифати таълим” 5 маводи таълимӣ таҳия ва тасдиқ шудааст.

Аснои баррасии масъалаҳо Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода диққати масъулинро ба мушкилоти асосии соҳа, сифати корҳои анҷомшуда ва даққиқият дар таҳия ва тасдиқи маводҳои таълимӣ равона намуда, қайд карданд, ки ин бахши фаъолияти мо бояд мушаххас ва бунёдӣ бошад, то тавонем дар самти таълим ва омодасозии кадрҳои мутобиқ ба бозори меҳнат дастовард дошта бошем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо