16 май кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он таҳти роҳбарии бевоситаи роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи дави миллӣ ширкат намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дави миллӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, аз соли 2007, якшанбеи сеюми моҳи май, ҳамасола дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ, оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва саҳмгузор будан дар рушди варзиши кишвар мебошад.