Расонидани кумак ба осебдидагони оқибатҳои офати табиӣ

14 майи соли равон бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир ҷиҳати расонидани кумак ба аҳолӣ ва ҳисоби хисороти воридгардида дар натиҷаи офатҳои табиӣ ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, 16 майи соли равон дар доираи сафари мазкур аз мавзеъҳои бар асари офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон боздид ба амал овард.

Сардори Хадамоти муҳоҷират аз минтақаи осебзада дидан намуда, баҳри иҷрои саривақтии муроҷиати шаҳрвандон дар самти барқарорсозии манзили зист ва дигар иншоотҳои муҳим ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, кумаки яквақтаина расонид.

Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати дастгирии аҳолии ниёзманд пайваста чораҷӯӣ намуда, минбаъд низ чорабиниҳои заруриро амалӣ месозад ва ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳад. Чунончи Сарвари давлат таъкид менамоянд «мо танҳо дар ҳамбастагӣ ва иттиҳоди комил, якдигарфаҳмию ҳамдилӣ ва эҳтироми ҳамдигар метавонем ҳама мушкилотро бартараф намоем ва дар якҷоягӣ Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем».

Бояд таъкид кард, ки бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани шаҳрвандон ва муайян намудани хисороти расонидашуда дар пайи ба вуҷуд омадани сел дар дар вилояти Хатлон Ситоди корӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъсис дода шудааст.

Ёдрас мешавем, ки бар асари сели шаби 11 май дар ноҳияи А. Ҷомӣ якчанд манзили зист пурра хароб гардида, заминҳои наздиҳавлигӣ, иншооти ёрирасон, майдонҳои кишт аз байн рафтанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо