Идомаи сафари корӣ

Нимаи рӯзи 19 май гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Раҳмонзода Абдулғаффор корҳои иттилоттиву фаҳмондадиҳӣ доир ба расмикунонии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои ҷойдошта, сафари худро дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дода, вохӯри судманд бо иштироки васеи сокинон доир намуданд.

Вохӯрии мазкур дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ баргузор гардид, ки гурӯҳи кориро муовини якуми Раиси ноҳия ҳамроҳӣ намуд ва дар он раисони ҷамоату маҳалҳо, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинои ноҳия иштирок доштанд.

Дар вохӯрӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир баромад карда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки бо хешу пайвандон ва ёру дӯстони худ, ки айни замон дар қаламрави Россия ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд, дар тамос шуда, ба онҳо расонанд, ки ба шуъбаҳои ноҳиявии муҳоҷирати ВКД ФР дар маҳалли зисташон ҳозир шуда худро ба ба қайд гузоранд ва фаъолияти меҳнатии худро дар кишвари буду бош расмӣ гардонад.

Ҳамзамон, Сардори Хадамот масъалаи пешгирӣ аз шомил шудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову тундрав ва пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятиро ба самъи ҳозирон расониданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳайати гурӯҳи корӣ ба саволҳои ҳозирон вобаста ба муҳоҷират посухҳои мушаххас дода, маводҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.

Дар идомаи сафар гурӯҳи корӣ аз ҷараёни сохтмони Коллеҷи вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ шинос шуданд. Дар ҷарайёни шиносоӣ аз рафти сохтмон Муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Раҳмонзода Абдулғаффор ба масъулини сохтмон ва кормандони ниҳодҳои марбутаи Вазорат дар ноҳияи Ванҷ дастуру супоришҳо доданд.

Сафари корӣ дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо