12 июни соли равон бо иштироки Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам” даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ” баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории озмун тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, оммавӣ гардонидани усулҳои беҳтарини ҳунари кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ, кундалнигорӣ ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои миллӣ, эҳёи дигарбораи ҳунарҳои мардумӣ, шинохт ва арҷгузорӣ ба заҳмати ҳунармандон, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва аз ин тариқ муайян намудани ҳунармандони моҳир ва ҳавасманд гардонидани онҳо дар даврҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад.
Дар озмун, дар баробари иштирокчиён, намояндагони вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатӣ, сокинони шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он иштирок намуда, хоҳишмандон ва ҳаводорони ин навъҳои ҳунармандӣ ба заҳмати ҳунармандон баҳои баланд доданд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ва эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саросари кишвар садҳо коргоҳу корхонаҳои хурд, марказҳои омӯзишӣ ифтитоҳ гардида, барои тақвияти пояҳои ҳунармандии кишвар хизмат мекунанд.
Ҳамзамон, марказҳои ҳунармандӣ ва литсейҳои касбӣ – техникӣ ба наврасону ҷавонон аз рӯи 14 самт ва 97 ихтисос ҳунар меомӯзонанд, ки дар озмуни мазкур устодон ва хонандагони ин муассисаҳо низ ширкат варзиданд. Соли ҷорӣ боз 47 Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир дар назди муассисаҳои таълимии вазорат ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки аз рӯи 50 номгӯи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ хоҳишмандонро ба омӯзиш ҷалб менамоянд.
Дар интиҳои чорабинӣ ғолибон аз рӯи 4 номинатсия муайян гардида, ба ғолибони даври ниҳоӣ ва иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон