Бахши Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Истаравшан, шабакаи ташкилотҳои ҷамъиятии «Умед» ва Фонди рушди ҷомеа, аксияи тарғиботӣ доир ба Рузи байналмилалии мубориза бар зиддӣ савдои одамон, баргузор намуданд.
Аксияи мазкур дар назди маркази тиҷоратии «Ориёно»-и хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр дар доираи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми феврали соли 2022 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.
Ҳамзамон дар ин рӯз ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод низ баргузор шуд. Дар ярмаркаи мазкур ба 15 нафар роҳхатҳо ба ҷойҳои холии кории мавҷудбуда дода шуда, 4 нафар ба касбомӯзонӣ номнавис гардиданд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан