АНҶОМИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

Тавре қайд гардид, 24 сентябри соли 2021 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар давраи Истиқлолият» баргузор гардид.

Баъди қисмати пленарӣ конференсия дар бахшҳои тематикӣ идома ёфта, самтҳои фаъолияти вазорат аз ҷумла ташаккули бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муҳоҷират, муносибатҳои меҳнатӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз нигоҳи олимону муҳаққиқон, ки бо таҳқиқотҳои соҳавӣ проблемаҳои ин самтҳоро арзёбӣ намудаанд, баррасӣ гардиданд. Аз натиҷаи баррасиву муҳокимаҳои ҳар як бахш лоиҳаи тавсияҳоро таҳия намуданд.

Дар фарҷоми Конференсияи илмӣ – амалӣ аз ҷониби иштирокдорон доир ба рушди минбаъдаи соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, афзалиятҳои ислоҳоти он ва зарурати татбиқи усулҳои муосири идоракунии соҳа тавсияҳо қабул карда шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо