Мардуми Тоҷикистон бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро ҳамчун дурнамои пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат медонад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад.
Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботи тамоми мардуми кишвар мебошад.
Аксари мардуми тоҷик ба Ислом ҳамчун дини таҳаммулпазирӣ, ростӣ, покизагӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ рӯй овардаанд.
Дин ва мазҳаби динӣ имрӯзҳо барои ташкили гурӯҳҳои нопоку иғвоангез такягоҳе шудааст, ки аз он истифода бурда, ҳар гуна равияҳои номатлубу корҳои ноҷоро ба анҷом мерасонанд.
Агар аъзои гурӯҳи ТТЭ ҲНИ ватандӯсту ватанпарвар мебуданд, ба манфиати давлати худ фаъолият мебурданд.
Вале, сад афсӯс, ки аъзои ин гурӯҳи ифротгаро ба ҳар гуна гурӯҳҳои номатлуб ҳамроҳ шуда, даст ба ҷиноят мезананд.
Амалҳои ноҷои ин хоинон хатару таҳдидҳои нав ба навро баҳри ҷомеаи мамлакат ба ҷо овардан мебошад ва мехоҳанд, тинҷиву оромиро халалдор созанд.
Мо бояд барои ҳифзи сулҳу суботи давлатамон, ҷомеаи солими Тоҷикистон кӯшиш намоем.
Ҳамеша аҳли ҷамъият, бахусус насли наврасро ба роҳи рост ҳидоят созем, то ки ба ҳар гуна равияву гурӯҳҳои номатлуб ҳамроҳ гашта, ҳаёти худ ва аҳли хонадонашонро ба хатар нагузоранд.
Ҳаёт ба касе дуюм маротиба такрор намешавад, ки мо хатогии худро ислоҳ намоем.
Бояд баҳри ободии ҷомеа ва гул-гулшукуфии диёри хеш меҳнати содиқона карда, бар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мубориза барем.
Наботов Насим,
сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе