Таҳлилҳо собит менамоянд, ки имрӯзҳо даҳҳо ҳазор сайт ва вебпорталҳои амалкунанда мавриди истифодаи террористону ифротиён қарор доранд. Терроризм дар интернет падидаи динамикӣ ва бисёрҷониба мебошад. Онҳо асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube тарафдорони навро ҷалб карда, ғояҳои бунёдгароиро таблиғ менамоянд. Гузашта аз ин, феълан дар шабакаҳои интернетӣ сайтҳои зиёди ахборотӣ, ки бо созмонҳои террористӣ робитаи мустақим надоранд, аммо ғояҳои онҳоро меписанданд, хеле афзудааст.
Агар дар соли 1998 сохторҳои террористӣ дар шабакаҳои нав ташаккулёфтаи интернет ҳамагӣ 12 сомона, соли 2005-ум 4800 сомона доштанд, ҳоло шумораи сомонаҳои интернетии гурӯҳҳои террористӣ беш аз 10000 расидааст. Ба воситаи интернет ташкилотҳои байналмилалии террористӣ таблиғи ақидаҳои бунёдгароии таҳрифшудаи ҷиҳод ва мубориза бо кофаронро таблиғ мекунанд, идеяҳои ифротгароӣ ва терроризмро таҳти пӯшиши динӣ паҳн мекунанд. Саъю талоши давлатҳо барои мониторинг ва аз байн бурдани сайтҳои ифротӣ ва террористӣ на ҳама вақт самарабахш аст.
Манбаъҳо ва вебпорталҳои ташкилотҳои террористӣ шакли худро тағйир медиҳанд, кӯшиш мекунанд таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд, хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Дар ин замина онҳо аз озодии сухан суйистифода бурда, онро васеъ ба кор мебаранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз байн бурдани сайтҳои террористӣ мушкил аст, чунки онҳо провайдерҳои хориҷиро истифода мебаранд. Дар натиҷа як давлат наметавонад ба бастани сайти ғайриқонунӣ дар давлати дигар муваффақ шавад.
Чунин сурат гирифтани кор аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз проблемаи терроризм дар интернет ба як мавзӯи асосию мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Дар марҳилаи кунунӣ як қатор усулҳои гуногун ва қисман мутобиқ бо якдигари шабакаи террористӣ дар интернет муайян карда шудааст. Ҷанги равонӣ, яъне барои паҳн кардани иттилооти дурӯғин, таҳдид, барангехтани тарсу ҳарос, эҳсоси нотавонӣ, тасвири амали даҳшатовари худ истифода бурда мешавад. Интернет имконияти террористонро барои ташвиқоту ошкор ва таблиғ кардани фаъолияташонро мусоидат менамояд. То ин вақт умеди террористон барои ошкор шудани амали онҳо бо ҷалби телевизион, радио ва дигар ВАО вобаста буд. Барои ҷамъоварии маълумот интернетро метавон чун китобхонаи азими рақамӣ баррасӣ намуд. Фақат «Торнамои умумиҷаҳонӣ» (Всемирная паутина (англ. World Wide Web) тақрибан миллиард саҳифа иттилоотро пешниҳод карда метавонад, ки бисёрии он озодона дастрас ва барои ташкилотҳои террористӣ хеле мусоид аст.
Аз шабакаҳои интернетӣ, террористон метавонанд иттилооти муфассалро дар бораи ҳадафҳояшон пайдо намоянд. Масалан, дар бораи зерсохтори нақлиётӣ, нерӯгоҳҳои барқи атомӣ, иморатҳои ҷамъиятӣ, фурудгоҳҳо, бандарҳо ва ҳатто иттилоот дар бораи тадбирҳои зиддитеррористиро ба даст оваранд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки ҷамъоварии маблағ низ мисли дигар созмонҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои террористӣ интернетро барои такмили фондҳои худ истифода мебаранд. Интернетро террористон на танҳо барои тақозои «хайрот» аз хайрхоҳони худ, балки барои ҷалб ва сафарбаркунии тарафдорон, ки нақши ҳар чи фаъолтарро дар дастгирии амали террористӣ бозӣ мекунанд, истифода мебаранд. Бисёр гурӯҳҳои террористӣ бо кӯмаки интернет имконият пайдо кардаанд, ки бо якдигар ва бо дигар ташкилотҳои террористӣ алоқа барқарор намоянд. Технологияи муосири иртиботӣ махсусан компютерӣ, аз рӯи чанд сабаб воситаи таъсиси шабакаҳо ва дастгирии шабакаҳои террористӣ мебошад.
Дар интиҳои масоили матраҳ гардида метавон хулоса кард, ки ифротгароии иттилоотӣ чун падидаи нави технологӣ ба амнияти миллии кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ мерасонад ва мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад.
Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират