Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ҳангоми ворид гардидан ба Федератсияи Россия барои бақайдгирии ҷойи зисти муваққатӣ ба доми миёнаравҳо гирифтор нашуда, бо соҳибхона барои ба расмиятдарории буду боши муваққатӣ ба шуъбаи кор бо масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии Федератсияии Россия (собиқ ФМС) дар наздиктарини ҷойи зисти худ муроҷиат намоед.
Мавриди зикр аст, ки тибқи қонунгузории Федератсияи Россия дар бораи зисти муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия соҳибхона, ки дар хонааш шаҳрванди хориҷӣ ба таври иҷоравӣ муваққатан зиндагӣ дорад, бояд барои бақадгирии зисти муваққатии шаҳрванди хориҷӣ мусоидат намояд.
Тиқби қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия дар маконе, ки зисти худро муваққатан ба қайд гирифтаанд, бояд дар ҳамин макон зиндагӣ намоянд. Зиндагӣ накардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷойи бақайдгирифташудаи зисти муваққатӣ тибқи қонунгузории Федератсияи Россия ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҳисоб рафта, нисбати чунин шахсон протоколи маъмурӣ тартиб дода мешавад.
Мавриди зикр аст, ки вақтҳои охир вобаста ба бақайдгирии муваққатии буду боши муҳоҷиратӣ дар қаламрави Федератсияи Россия аз ҷониби миёнаравҳо муроҷиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Намояндагӣ зиёд ворид гардида истодааст.
Аз ин лиҳоз, маълум менамоем, ки бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил, корҳои илмӣ, сайёҳат, тиҷорат ва дигар масъалаҳои корӣ ба муддати тулонӣ ба Федератсияи Россия ворид гардидаанд ва барои муваққатан зистан дар қаламрави ин кишвар хонаи иҷора ва ё дар хонаи хешу ақрабо дигар муваққатан зиндагӣ доранд бояд дар ҳамон хона муваққатан худро ба қайди муҳоҷиратӣ гузоранд.
Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад, ки ба доми миёнаравҳо, ки ҳуҷҷатҳои бақайдгирии зисти муваққатиро сохтакорона омода менамоянд гирифтор нашаванд, зеро ҳангоми таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ мушкилӣ пеш меояд.
Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз пешниҳоди бастаи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) пеш аз ҳама бояд гувоҳномаи дурустии зисти муваққатиро дошта бошанд.
Шаҳрвандоне, ки муддатҳои тулонӣ дар Федератсияи Россия кору фаъолият доранд ва муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатиашон ба итмом расидаасту мехоҳанд, ки дубора иҷозатномаи фаъолияти меҳнатиро дарёфт намоянд, хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз супоридани бастаи ҳуҷҷатҳо барои иҷозатномаи фаъолияти меҳантӣ (патент) дар махзани иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия вобаста ба манъи вурудашон худро санҷанд.
Дар ҳолати пайдо гардидани савол ё пеш омадани мушкилот шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ метавонад ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Рақамҳои боварии масъулини Намояндагӣ пайваста фаъол буда, муҳоҷирони меҳнатӣ метавонад вобаста ба мушкилоти худ муроҷиат намоянд.
Рақамҳо барои тамос:
- ш. Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4878964, +7(967)2710202;
- ш. Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;
- ш. Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;
- ш. Новосибирск: +7(965)3586161;
- ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548;
E-mail:predmintruda@gmail.com, www.tajmigration.ru