БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

Бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии кормандон оид ба роҳҳои пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таҳти унвони “Нест бод терроризм”, мизи мудаввар баргузор гардид.​

Мизи мудаввар оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” амалӣ гардида, дар он Прокурори калони Раёсати муқовимат бо терроризм ва экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуронов Исматулло ва муовини сардори шуъбаи мубориза бар зидди терроризми Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои мутташакили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонзода Илҳом Акрамҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои падид омадани терроризм ва экстримизм дар ҷомеа, ҳадафҳои ниҳоии ин гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятӣ, амалкарди онҳо ва роҳҳои пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоию терроистӣ мавриди муҳокимаи ҳозирин қарор дода шуд.Мизи мудаввар бо ҳузури фаъоли кормандони раёсату шуъбаҳо, бахшҳои агентӣ дар шаҳри Душанбе ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ баргузор шуда, дар кори он кормандони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва системаи таълимии он низ иштирок намуданд.

Дар мизи мудаввар қайд карда шуд, ки зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, ки аз ин ваҳшонияти асримиёнагӣ пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо