Мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Ҳусейнҷон Зоҳидов ба ҷамоати деҳоти Ваҳдат деҳаи Метки ноҳияи Деваштич сафари корӣ анҷом дод.
Мақсад аз сафар ин баррасии масъалаи муҳоҷирати экологии солҳои 2022-2023 буд. Сараввал намояндаи Раёсат бо муовини аввали раиси ноҳия доир ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузориш пешниход намуда, хоҳиш кард, ки ҳарчӣ зудтар оилаҳои муҳоҷирони экологӣ ба минтақаҳои бехавф кӯчонида шаванд.
Инчунин дар давоми сафари корӣ бо намояндагони оилаҳои муҳоҷирони экологӣ, ки аз ҷамоати деҳоти Ваҳдат деҳаи Метки ноҳия мебошанд, вохӯрӣ доир намуда ба онҳо супориш дод, ки ҳарчӣ зудтар корҳои сохтмониро ба итмом расонида ба минтақаи бехавф кӯчанд.
Муҳоҷирони экологӣ дар навбати худ ваъда доданд, ки даҳаи дуввуми моҳи октябр корҳои сохтмониро оғоз менамоянд ва миннатдории худро барои дастгирӣ ба роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират баён намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд