Баррасии вазъи муҳоҷиратӣ дар шаҳри Екатеренбург

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, масъули Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар минтақаи Урал оид ба муҳоҷират Беҳрӯз Халиков, фаъолони диаспораи тоҷикон ва муовини аввали раис Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб Умаров аз Маркази муваққатии нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург дидан намуданд.

Зимни мулоқот бо муовини роҳбари марказ Михаил Пилаев сӯҳбати муфассали судманд анҷом доданд. Натиҷаҳои ҳамкорӣ аз моҳи марти соли 2020 то имрӯз мавриди муҳокима қарор дода шуда, нақшаи ҳамкорӣ барои минбаъда мавриди мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни суҳбат оид ба роҳу усулҳои ҳалли баъзе масъалаҳои муаммо ба манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба будубоши муваққатии онҳо пеш аз иҷрои депортатсия ё ихроҷи маъмурӣ марбутанд, якдигарфаҳмии комил ҳосил шуд.

Дар фарҷоми мулоқот ба Михаил Пылаев, сардори ТСВСИГ Александр Филиппов ва Олга Бескурная, афсари муваффақи хадамоти иҷрочии суд барои ҳамкориҳои доимӣ ифтихорномаи фахрӣ супорида шуд.

Пас аз мулоқот, масъулин бо ҳамватаноне, ки дар марказии мувақатии шаҳрвандони хориҷӣ қарор доштанд бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, барои онҳо кӯмаки якдаъфаинаи моддӣ расонида шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо