Бино то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад

Дар доираи сафари хизмати ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Тоҳир Афғон ва сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорат Баротзода Бобоҷон Хол аз рафти омодагӣ ва ободонии бинои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон дидан намуданд.

Дар вохӯрӣ бо масъулин оиди дар муҳлатҳои кутоҳтарин бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои мушаххас дода шуд. Қобили зикр аст, ки бинои мазкур бояд дар доираи таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шавад.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо