Бо ҳисси баланди ватандӯсти Паёмро тамошо намуданд

21 декабр кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳисси баланди ватандустӣ, ифтихори ватандорӣ ва расидан ба марҳилаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ тамошо ва гӯш намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паёми навбатии худ барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.

Пешвои муаззами миллат болоравии маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣро дар соҳаҳои бучетӣ таъкид дошта, қайд намуданд, ки барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта шаванд.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёми хеш таъкид намуданд, ки мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

Дар маҷмӯъ мо, кормандони Хадамоти муҳоҷират якдилона Паёмро маъқул мешуморем, ҷонибдорӣ мекунем ва барои таъмини иҷрои саривақтии вазифагузориҳои мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои танзими раванди муҳоҷират, касбомӯзонию забономӯзонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа, ташвиқу тарғиби дастовардҳои Истиқлолият ва сиёсати давлату Ҳукумат, пешгирии омилҳои номатлуб, бузургдошти забони давлатӣ, дастгирии ниёзмандон ва ғайра мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони касбии мамлакат самтҳои асосии фаъолияту зиндагии кулли тоҷикистониёнро барои як сол ва солҳои минбаъда муайяну мушаххас кард. Хадамоти муҳоҷират баҳри иҷрои саривақтии ҳама вазифагузориҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳо босамар истифода хоҳад бурд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо