БОЗ ДУ ОИЛАИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ СОҲИБИ ХОНА ГАРДИДАНД

20 августи соли равон аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои таркибии он ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон барои зарардидагон ду хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуд.

Хонаҳо аз се ҳуҷраи барҳаво, ошхона, айвон, даҳлез ва ҳаммом иборат буда, масоҳати умумии ҳар кадом 104 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби вазорат бо ҷиҳози зарурӣ – қолин, кӯрпа, қандил, парда, телевизор, яхдон ва обгармкунак муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Дар маросими ба истифода супоридани хонаҳо муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Раҳмонзода А.А., муовини вазир Ализода А., муовини раиси вилояти Хатлон Мирзозода Н., раиси шаҳри Кӯлоб Вализода А. ва роҳбарони сохторҳои вазорат иштирок намуданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо