БОЗДИДИ ГУРӮҲИ КОРӢ АЗ ШАҲРИ САМАРҚАНД

Рӯзи 16 феврал Гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Абдулғаффор Раҳмонзода ҷиҳати шиносоӣ бо сохторҳои Вазорати шуғл ва муносбатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Самарқанд сафар намуд.

Сараввал вохӯрии ҳайати Гурӯҳ бо муовини якуми ҳокими шаҳри Самарқанд Ҷамшед Уроқов баргузор гардид. Баъд аз шиносоӣ бо вазъи иқтисодӣ иҷтимоии шаҳри Самарқанд ҳозирин оид ба самтҳои ҳамкорӣ изҳори ақида намуданд.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо сохторҳои Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд ба роҳ монда шуда, бо ин мақсад боздиди мутақобилаи роҳбарони сохторҳо ба амал оварда шавад.

Ҳамзамон, Гурӯҳи корӣ бо фаъолияти Маркази гуногунсамти «Ишга мархамат»-и шаҳри Самарқанд шинос гардиданд.

Сафари ҳайати Гурӯҳи корӣ идома дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо