БОЗДИДИ ШИРИН АМОНЗОДА АЗ МД “АГЕНТИИ МУҲОҶИРАТИ БЕРУНА”

Дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода аз фаъолияти МД “Агентии муҳоҷирати беруна”-и Вазорати шуғл ва мносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд МД “Агентии муҳоҷирати беруна” барои дарëфти шуғли мувофиқ барои шахсони бекор, омодасозии ҳуҷҷатҳо ва сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар кишвари будубош мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки сафари кории Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 9 август оғоз шуда, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз вазирро ҳамроҳӣ менамоянд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо