Cафарбаркунии навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ

[:tj]Дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҶДММ “Суғдиён Помир тур” 26 феврал гурўҳҳои навбатии муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Россия сафарбар кард. Аз ҷумла 24 нафар ба шаҳри Толятти, 20 нафар ба шаҳри Самара, 52 нафар ба шаҳри Оренбург сафарбар гардиданд. Дар маҷмуъ дар ҳайати 4 гурўҳ 96 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба Федератсияи Россия фиристода шуданд.

Мўҳлати муҳоҷирати ин муҳоҷирони меҳнатӣ аз 3 то 8 моҳ мебошад. Пеш аз гусели онҳо дар байнашон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, қоидаҳои будубоши муҳоҷирон дар кишвари хориҷа фаҳмонида шуд.

                                                                     Раёсати Хадамоти муҳоҷират                                                                                               дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо