Дар доираи сафари гурӯҳи корӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз чор санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Ёддошти тафоҳум байни Агентии муҳоҷирати меҳнатии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи ҳусни ният оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои назорати давлатии меҳнат, Эъломияи ҳусни ният оид ба масъалаҳои рақамикунонии муносибатҳои меҳнатӣ ва идоракунии лоиҳаҳо дар самти меҳнат байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази идоракунии лоиҳаҳо дар самти меҳнати назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Эъломияи ҳусни ният оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои таҳсилоти касбӣ ба имзо расонида шуд.
Санадҳои мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода А.А. ва аз ҷониби Ӯзбекистон муовини якуми вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муҳиддинов Э. ба имзо расониданд.
Санадҳои баимзорасида барои густариши ҳамкориҳои судманди дуҷониба заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.