Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони ШВКД ва беморхонаи марказӣ дар МТМУ №7-и шаҳр бо хонандагон ва омӯзгорони муассиса оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва бемориҳои сироятӣ чорабинии навбатӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират доир ба мавзӯҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб инчунин муҳоҷирати бехатар, таълимоти ғайриқонунии динӣ баромад намуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират минбаъд низ корбариро дар ин самт ҷоннок намуда баҳри пешгирии ҳолатҳои даст задани ҷавонон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳамаи чораҳои заруриро хоҳад андешид.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом