• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дар Хадамоти муҳоҷират фаъолияти 9 – моҳа ҷамъбаст гардид

admin by admin
12.10.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
312
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

12-уми октябри соли равон дар Хадамоти муоҷират маҷлиси Шӯрои Хадамоти муҳоҷират оид ба ҷамъбасти фаъолияти нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар, Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, муовинони сардори Хадамот, сардорони раёсатҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шуъба ва бахшҳои он дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» иштирок доштанд.

Дар ҷаласа муовини Сардори Хадамоти муҳоҷират Заробов Раҳмоналӣ Саиданварович аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2023 маърӯза намуда, қайд карданд, ки ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи муҳоҷират ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорат, лоиҳаи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, №309 тасдиқ гардид.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” бояд қайд кард, ки тибқи супориши вазорат, Нақшаи чорабиниҳоиХадамоти муҳоҷират оид ба амалисозии марҳилаи якум барои солҳои 2023-2025-и Стратегияи болозикр омода гардида аз 24 июли соли 2023, №39 бо фармоиши сардори Хадамоти муҳоҷират тасдиқ гардид.

Иҷрои бандҳои Стратегияи мазкур таҳти назорати Хадамоти муҳоҷират қарор дорад. Стратегияи мазкур санади ягонаи меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, зеро бори аввал дар амалия дар доираи як Стратегияи муҳоҷират ҳамаи намудҳои муҳоҷирати аҳолӣ, ки қонунӣ дар қаламрави як кишвар ба амал бароварда мешаванд, баррасӣ карда мешаванд.

Бояд қайд кард, ки солҳои охир бо мақсади тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷа, истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва татбиқи сиёсати диверсификатсияи (гуногунсамтии) муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа бо як қатор давлатҳои хориҷа созишномаҳои марбутаи ҳамкорӣ баста шуданд. Аз ҷумла, 3 феврали соли 2019 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар ба имзо расонида шуд. Созишномаи мазкур аз 2 апрели соли 2020 эътибор пайдо намуда, тибқи нақшаи корӣ 18 ноябри соли 2020 ҷаласаи нахустин гурӯҳи кории муштарак оид ба амалӣ намудани созишнома тавассути муоширати визуалӣ баргузор гардид. Ҳамзамон, 6 феврали соли 2023 Вазири меҳнати Давлати Қатар ҷиҳати дар амал татбиққнамудани созишномаи болозикр ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф намуд. Мулоқот бо Вазири меҳнати Давлати Қатар таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Г.К. доир гардид, ки дар он масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, мусоидат ба рушди муносибатҳои ду ҷониба байни Хадамоти муҳоҷират, муассисаҳои давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар» дар шаҳри Душанбе, «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ва Вазорати меҳнати Давлати Қатар баррасӣ гардиданд. Кор дар ин самт идома дорад.

Раисикунандаи ҷаласа Нодирзода Иматшо аз сардорони раёсатҳо, шуъбаву бахшҳо ва директорони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ роҷеъ ба масъалаҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар интиҳо муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар аз фаъолияти Хадамоти муҳоҷират изҳори қаноатмандӣ карда, барои фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии судманд дар ҷамоати деҳотӣ Меҳрободи деҳаи Бахмал

Next Post

Корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар маҳаллаҳо

Next Post

Корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар маҳаллаҳо

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.